Шералӣ Кабир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки дар бозсози маконҳои мероси урани Тоҷикистон саҳм бигирад

Asia-Plus

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ширкаткунандагони Маҷмааи Ҳисоби барқарорсозии экологӣ хостааст, ки дар бозсозии маконҳои мероси урани Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора  дафтари матбуоти вазорати саноат хабар медиҳад. 

Маҷмаии саҳҳомони Ҳисоби барқарорсозии экологӣ (ҲБЭ) барои Осиёи Марказӣ рӯзи 9-уми декабр баргузор шудааст, ки Шералӣ Кабир дар он ба таври маҷозӣ ширкат кардааст. 

Шералӣ Кабир дар суханронии худ ба мушкилоти мавҷуд ишора карда аз ширкаткунандагонии Маҷмааи ҲБЭ хостааст, ки ба зарурати таъмини бехатарӣ ва бозсозии маконҳои мероси уран, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондаанд, таваҷҷуҳ кунанд.

Вазири саноати Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳалли мушкилоти марбут ба маконҳои урани баҷомонда аз Шӯравӣ танҳо бо ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст. 

Вазири тоҷик гуфтааст, ки танҳо барои ислоҳи хок дар қаламрави Тоҷикистон бештар аз 35 млн евро ниёз аст. Шералӣ Кабир гуфтааст, ки маблағҳои ихтисосдодашудаи ҳозир барои иҷроӣ кардани ҳадафҳои барномаҳои ҲБЭ кофӣ нестанд ва барои нигоҳдории некуаҳволии мардум ва таъмини амнияти экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ 40 миллион еврои иловагӣ зарур аст. 

Вазири тоҷик аз кишварҳои сармоягузор хостааст, ки дар ин замина бештар саҳм бигиранд ва ба оқибатҳои фоҷиаҳои экологӣ таваҷҷуҳ кунанд. 

Раиси Маҷмааи сармоягузорон Адриан ван дер Меер дар поёни ин ҳамоиш  изҳор кардааст, ки Комиисияи Аврупо бо ҳадафи мусоидат ба корҳои беҳсозӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, ки ба ҲБЭ 10 миллион евро бидиҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...