Шоҳроҳи Душанбе-Чанок аз барф тоза ва барои ҳаракати мошинҳо боз аст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шоҳроҳи Душанбе-Чанок аз барфтӯдаҳо тоза ва барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт боз аст.

“Айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи қитъаҳои роҳ имконпазир мебошад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки масъулияти нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин шоҳроҳро ба уҳда дорад.

Ба иттилои манбаъ, дар қитъаи аз 28 то 258 километр барфи зиёд борида, дар баъзе ҷойҳо тарма фаромадааст. Бо ҷалби техникаи зарурӣ ба роҳсозон муяссар шуд, ки роҳро саривақт аз барфтӯдаҳо тоза карда қитъаҳои хавфнокро бо маводи зиддилағжиш коркард намоянд.

Ба сабаби бад шудани обу ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхторро ҷиддан риоя кунанд ва барқро сарфаҷӯёна истифода намоянд.

Ҳамчунин ба хотири таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ва ағбаҳо Кумита ба ронандагон тавсия медиҳад, ки:

– мошинро қабл аз сафар аз назар гузаронед;

– чархҳои мошинатонро бо чархҳои зимистонӣ иваз намоед. Мошинҳои калони боркашро бо таҷҳизоти зидди яху лағзиш таъмин кунед, вақте ба роҳи дур ба сафар мебароед, бояд донед, ки шумо бо роҳҳои кӯҳӣ дар фасли сард сафар доред;

– дар бордони мошинатон ҳатман либосҳои гарм дошта бошед, фонус, бели хурд, банд барои кашидани мошин, бушкаи пур аз сӯзишворӣ барои эҳтиёт, гугирд, термоси пури оби гарм ва ғайраро низ фаромӯш накунед;

– ҳамеша дорухонаи мошинатонро нав кунед;

– бо ҳамон суръате мошин ронед, ки бехатарии шуморо таъмин карда тавонад, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, чорроҳаҳо, пулҳо, гардишҳо ва нишебиҳо  эҳтиёт кунед;

 – ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳӣ фосилаи бештари байни мошинҳоро риоя намоед, ин фосила бештар аз фосилаи маъмулӣ бошад;

– ба хотири гузаштан аз барфтӯда набояд тунду тез ҳаракат кард;

– агар шумо мошинатонро то оғози сардиҳо омода карда натавонистед ва ё таҷрибаи кофии мошинронӣ надоред, пас  маслиҳат он аст, ки дар чунин боду ҳаво аз сафар худдорӣ намоед;

– тавсияҳои ВКД, КҲФ дар бораи маҳдудиятҳои ҳаракат дар баъзе аз қисматҳои роҳҳоро дар мавридҳои эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед;

– шабонгаҳон ва лаҳзаву соатҳое, ки ҳаво торик аст, ҳаракат дар роҳҳоро маҳдуд кунед.

Ғайр аз ин КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки боми худро аз ғарами барф тоза нигоҳ доред. Мошинҳои худро зери дарахтон нагузоред.

Бо мақсади бемор нашудан ва гирифтори касалиҳои мавсимӣ нагаштан Кумита тавсия медиҳад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшед, бахусус дар нақлиёт ва дар ҷойҳои пурҷамъият. Истифодаи маҳлулҳои антисептикиро фаромӯш нанамоед, фосилаи иҷтимоиро низ риоя кунед.

КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо равуоҳои безаруратро  маҳдуд кунанд, бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ агар зарурат надорад, метавонед то хуб  шудани ҳаво онро мавқуф гузоред.

Рафтан ба моҳидорӣ, сайдгоҳ барои шикор, ғунучини ҳезум низ маслиҳат нест.

Кӯшиш кунед дудбарои хонаҳои худро ба хотири заҳролуд нашудан аз гази карбон ҳамеша тоза нигоҳ доред.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш (борону барф) мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...