ИМА ба Тоҷикистон боз 153 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer дод

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 13 декабр ба Тоҷикистон 153 ҳазор вояи иловагии ваксинаи Pfizer эҳдо кард. “Боқимонда 146 ҳазору 520 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад ва шумораи умумии онҳо ба 299 ҳазору 520 адад мерасад”, – хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон. Гуфта мешавад, ҳаҷми […]

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 13 декабр ба Тоҷикистон 153 ҳазор вояи иловагии ваксинаи Pfizer эҳдо кард.

“Боқимонда 146 ҳазору 520 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад ва шумораи умумии онҳо ба 299 ҳазору 520 адад мерасад”, – хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии хайрияи ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон, ки то имрӯз интиқол дода шудааст, аз ваксинҳои Pfizer – 823 ҳазору 680 воя ва Модерна – 1 млн 622 ҳазору 500 вояро ташкил дода, дар маҷмӯъ ба 2 млн 446 ҳазору 180 воя расонида хоҳад шуд.

Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли бо ишора ба муваффақияти маъракаи эмгузаронии Тоҷикистон, ки аллакай беш аз 40 дарсади кишварро фаро гирифтааст, чунин шарҳ дод:

«Мо ният дорем, ки Тоҷикистон то моҳи сентябри соли оянда дар доираи барномаи ваксинзанӣ ба 70 дарсади пурраи эмкунӣ бирасад, ки ин як қисмати ташаббуси маъмурияти Президент Байден «Ҷаҳонро эм кунед!” мебошад”.

Зикр мешавад, ки аз моҳи марти соли 2020 ИМА барои кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 ба маблағи беш аз 12 млнн доллар таҷҳизот ва дастгирии техникӣ ҷудо кардааст.

Ин дастгирӣ барои хариди лавозимоти тиббӣ-санитарӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ; такмили лабораторияҳо, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва тиб, инчунин дастгирии кӯшишҳои эмкунӣ дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.