Дар Маскав як марди боррасони «Яндекс.Еда»-ро бо корд захмӣ кардаанд, ки гуфта мешавад аз Тоҷикистон аст

Date:

Дар истгоҳи автобуси «Рязанский проспект»-и шаҳри Маскав дирӯз, 14 декабр як роҳгузар ба гардани боррасон (курер)-и «Яндекс.Еда» бо корд зарба зад.

Боррасон дар истгоҳ автобусро мунтазир будааст. Ба гуфтаи шоҳидон, марди ҳамлагар рафтори ношоиста карда, ба унвони боррасон фарёду ӯро таҳқир намудааст. Як шоҳид ба «Комсомольская правда» гуфтааст, ӯ чунин изҳори норозигӣ кардааст: “Аз пушти ту ман бекорам”.

Пас аз ин ӯ аз кисааш корд бароварда, ба гардани боррасон зарба задааст. Раҳгузарон мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардаанд.

Тибқи маълумоти Lenta.Ru, ҷабрдида – ҷавони 20-сола, зодаи Тоҷикистон хуни зиёде аз даст дода, айни замон дар бемористон қарор дорад ҳолаташ сатҳи миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад.

“Ҳозир ҷабрдида, боррасони 20-сола дар бемористон буда, вазъи ӯро табибон вазнин баҳо медиҳанд”, – хабар додааст як манбаъ дар хадамоти ёрии таъҷилӣ.

Гумонбар ба суиқасди куштор ба бозпурсӣ оварда шудааст. Ин шахс сокини 40-солаи вилояти Кемерово мебошад. Муайян шудааст, ки замони содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ояндаи наздик нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...