Усто Устопиров ба содир кардани садамае, ки як нафар ҷон бохтааст, муттаҳам мешавад

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зери чархи мошини Усто Устопиров, мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон ҷон бохтааст. Мақомоти милиса ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст, ки садама бо айби Усто Устопиров рух додааст ё пиёдагузар. Усто Устопиров, мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон ва падари Комроншоҳ […]

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки бар асари як садамаи нақлиётӣ як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зери чархи мошини Усто Устопиров, мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон ҷон бохтааст. Мақомоти милиса ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст, ки садама бо айби Усто Устопиров рух додааст ё пиёдагузар.

Усто Устопиров, мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон ва падари Комроншоҳ Устопириён, ҷудокори варзида ва ҷаҳонпаҳлавони тоҷик мебошад.

Аз Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ин хабарро дар суҳбат ба “Азия-Плюс” таъйид карданд. Манбаъ гуфт, садамаи нақлиётӣ соати 20:30 дақиқаи рӯзи 10-уми декабр дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст, дар натиҷа як марди 50-солаи ин ҷамоат дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

“Усто Устопиров, таҳти идораи автомашинаи “Киа Спортейҷ” рақами қайди давлатиаш ТҶ 0082 ВО02 ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, километри 296, ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Баҳром Ҳоҷиев соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати Ёваро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намуд. Дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”-гуфт, манбаъ аз Раёсати корҳои дохила

Ҷузъиёти дигари ҳодиса феълан маълум нест ва гуфта нашудааст, ки ҳоло Усто Устопиров дар боздошт қарор дорад ё дар озодӣ.

Ба иттилои манбаъ, феълан Раёсати корҳои дохила ба таҳқиқи садама шурӯъ карда нақлиёти таҳти идораи Усто Устопировро ба экспертизаи автотехникӣ супурдаанд. То кунун парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.