Ҳушдори КҲФ аз туман дар ноҳияҳои кӯҳистон ва ағбаҳо

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки дар туман маъмулан ҳавои торик боиси коҳиши биниш мешавад, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нақлиётиро зиёд мекунад, садамаҳо эҳтимолан бештар рух медиҳанд. Дар ҳамин иртибо […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон рӯзҳои 17-18 декабри соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки дар туман маъмулан ҳавои торик боиси коҳиши биниш мешавад, ҳаракати нақлиётро мушкил мекунад, эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нақлиётиро зиёд мекунад, садамаҳо эҳтимолан бештар рух медиҳанд.

Дар ҳамин иртибо КҲФ ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохуш ба шаҳрвандон ва ронандагон чунин тавсияҳо додааст:

– шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг аз рафтан ба кӯчаву хиёбон худдорӣ кунанд;

– пиёдагардон бояд ҳангоми гузаштан аз чорроҳаҳо ва роҳҳо эҳтиёт кунанд;

– ронандагони воситаҳои нақлиётӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро дар чунин вазъи обу ҳаво риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд;

– мошингузарӣ, пойга омили хатар дар чунин ҳолатҳост;

– ҳангоми убур аз ҷорроҳаҳо, роҳҳои пиёдагузар оҳиста мошин ронед, хеле бадиққат бошед.

Телефони ягонаи наҷот 112, қисми навбатдории КҲФ:  93 880 28 19, 223 13 11.

Дар ҳоли рух додани ягон ҳодисаи нохӯш ё мушкили дигар дар роҳҳо метавонед занг занед ва ба ёрӣ даъват намоед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.