“Фалак”-и тоҷикӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил шуд

ЮНЕСКО – Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи “Фалак”-и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, инро раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

ЮНЕСКО – Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи “Фалак”-и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, инро раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ эълон кардааст.

Ин ҷаласа 15 декабр бо иштироки намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса тариқи маҷозӣ доир гардида, дар кори он котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон ширкат варзидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ворид намудани унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки кишварҳои узви ЮНЕСКО ба феҳристи мероси башарият пешниҳод намудаанд, баррасӣ гардид. Номинатсияҳои ҷавобгӯ ба талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Кумита расман ба феҳрист ворид гардиданд.

https://www.youtube.com/watch?v=s-GKTr570ns

Пешниҳоди номинатсияи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи панҷ шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО зикр шудааст, қабул гардид.

Зикр мегардад,  ки иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон 10-уми октябрро Рӯзи фалак эълон кард. Аз ҳамон сол инҷониб дар ин рӯз барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои гуногун доир мешаванд.

Фалак – мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак», асосан, рубоӣ ва ё дубайтие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Фалак» – маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд.

Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид. «Фалак» жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.