Дар Тоҷикистон рӯзи “Фалак” таҷлил мешавад

Рӯзи “Фалак” ҳамасола 10-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, ин шом дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи фалак барномаи консертии идона бо номи «Дил, биё як дам кунем ёд аз Фалак» баргузор мегардад. Дар ин барномаи консертӣ ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, ансамбли фолклории “Ганҷина” ва […]

Рӯзи “Фалак” ҳамасола 10-уми октябр ҷашн гирифта мешавад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, ин шом дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи фалак барномаи консертии идона бо номи «Дил, биё як дам кунем ёд аз Фалак» баргузор мегардад.

Дар ин барномаи консертӣ ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, ансамбли фолклории “Ганҷина” ва зиёда аз 20 нафар сарояндагон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон 10-уми октябрро Рӯзи фалак эълон карда буд. Аз ҳамон сол инҷониб дар ин рӯз барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои гуногун доир мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.