ХБА: болорафии арзиши барқ ба коҳиши талафоти соҳа кумак кард

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти коҳиши талафоти бахши электроэнергетика, аз ҷумла, афзоиши ҳамасолаи арзиши нерӯи барқ барои аҳолӣ истиқбол мекунад. “Ислоҳот дар ширкати давлатии энергетикӣ, аз ҷумла, ҳамасола боло бурдани тарифҳо барои истеъмолгарони маишӣ ба коҳиши талафот дар ин соҳа кумак кард”, – гуфта мешавад дар изҳороти ҳайати ХБА аз […]

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти коҳиши талафоти бахши электроэнергетика, аз ҷумла, афзоиши ҳамасолаи арзиши нерӯи барқ барои аҳолӣ истиқбол мекунад.

“Ислоҳот дар ширкати давлатии энергетикӣ, аз ҷумла, ҳамасола боло бурдани тарифҳо барои истеъмолгарони маишӣ ба коҳиши талафот дар ин соҳа кумак кард”, – гуфта мешавад дар изҳороти ҳайати ХБА аз рӯйи натиҷаи сафари дуҳафтаина ба ҷумҳурӣ.

Тарифҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон тайи се соли охир ҳамасола боло бурда мешаванд. Арзиши нерӯи барқ барои аҳолӣ дар ин давра 79,8% зиёд шуд:​​​ аз 12,6 дирам дар соли 2017 (то болоравии тарифҳо дар моҳи октябр) то ба 22,66 дирам аз 1-уми сентябри ҳамин сол .

Дар изҳороти ҷамъбастии Хазина ҳамчунин гуфта мешавад, ки сарфи назар аз афзоиши каср (камбуд)-и буҷет ва таносуби муомилоти молиявии хориҷӣ, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигаҳдорӣ шуда, ислоҳоти бахши молиявӣ идома ёфтааст.

Аз рӯйи натиҷаи сафар ҳайати ХБА ба ҳукуматдорони Тоҷикистон 4 амали асосиро тавсия медиҳад:

– таҳкимбахшӣ ва муттаҳидсозии буҷет барои таъмини суботи он ва коҳиши хатарҳои буҳрони қарзӣ;

– таъмини устувории бештари қурби мубодилавӣ ва беҳтар кардани амалиёт дар бозорҳои асъор ҷиҳати мутобиқат ба муҳити нисбатан заифи глобалӣ;

– роҳандозии сиёсати устувори пуливу қарзӣ барои дастгирии гузариш ба суботи наргузорӣ;

– ислоҳоти минбаъдаи бахши молиявӣ ҷиҳати барқарор кардани эътимод ба низоми бонкӣ.

Гуфта мешавад, дар доираи сафар ба Тоҷикистон аз 23-юми сентябр то 4-уми октябр ҳайати ХБА бо муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид, ҳамчунин роҳбарони Бонки миллӣ, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика, Вазорати саноат ва дигар мансабдорони воломақом дидору гуфтушунид кардааст. 

Аъзои ҳайат бо намояндагони парлумон, бахши бонкӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд низ вохӯрдааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.