Мадина Мамадҷонова дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда мешавад

Мазҳаб Ҷумъа, Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мадина Мамадҷонова дар оромгоҳи Сариосёи Душанбе ба хок супурда мешавад. Хабарнигори "Азия-Плюс" аз маросими видоъ бо Мадина Мамадҷонова, аз манзили зисташон, воқеъ дар кӯчаи Гурминҷ Завқибеков хабар медиҳад, ки ин ҷо наздикону пайвандон ва бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои видоъ омадаанд.

Намози ҷаноза дар масҷиди маҳалли Сариосиё вақти намози пешин хонда мешавад.

Мадина Мамадҷонова баъди сеюниммоҳи беҳушӣ, асри 15-уми декабр дар беморхонаи шаҳраки Шифобахш, маървсум ба "Қарияи Боло" даргузашт. 

Даргузашти Мадина дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду рӯз пеш, рӯзи 14-уми декабр  Додгоҳи олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов яке аз гумонбарони қазияи “паврвандаи Мадина”-ро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Аммо бар асоси татбиқи шудани Қонуни афви моҳи сентябр ҳукми ӯ то 5 солу 4 моҳ кам карда шуд. Дар ин бора яке аз наздикони ӯ ба “Азия- Плюс” хабар дода буд.

Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки сеюним моҳ дар кома ё ҳолати беҳушӣ қарор дошт, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ карда буданд.

Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфта буд. Пизишкон гуфта буданд, ки эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст.

Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуда буданданд.

Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситонии кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.

Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...