Ёдгор Файзовро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд

Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст. Ёдгор Файзов ба унвони раиси ВМКБ узви ин шохаи болоии порлмуон ва муовини раиси он аст. Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси […]

Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ёдгор Файзов ба унвони раиси ВМКБ узви ин шохаи болоии порлмуон ва муовини раиси он аст.

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси маҷлис Рустами Эмомалӣ баргузор шудааст, ки дар он дар баробари масоили дигар, масъалаи "пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Файзов Ё.Д. баррасӣ шудааст".

Дар хабарномаи Маҷлиси миллӣ дар мавриди ҳузури Ёдгор Файзов дар ин ҷаласа чизе гуфта нашудааст, аммо аз аксҳое, ки аз ҷараёни ҷаласа нашр шудааст, дида мешавад, ки муовинони дигари раиси Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд, вале Ёдгор Файзов нест. 

Масъалаи берун кардани Ёдгор Файзов аз узвияти ин шохаи порлумон, бино ба иттилои дафтари матбуотии маҷлис, ба "рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст".

Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ, фардо, 17-уми декабр баргузор мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.