Корхонаҳои қарздори Тоҷикистон: соли 2022 кадоме бояд чӣ миқдор баргардонад?

Корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ бо сармояи Тоҷикистон соли оянда бояд беш аз 992,2 млн сомонӣ (88 млн доллар) қарзҳояшонро пардохт кунанд. Дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 гуфта мешавад, ба ин маблағ ҳам қарзи асосӣ ва ҳам фоизҳои он дохил мешаванд. Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки корхонаҳо бо миёнаравии Вазорати молия […]

Корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ бо сармояи Тоҷикистон соли оянда бояд беш аз 992,2 млн сомонӣ (88 млн доллар) қарзҳояшонро пардохт кунанд.

Дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 гуфта мешавад, ба ин маблағ ҳам қарзи асосӣ ва ҳам фоизҳои он дохил мешаванд.

Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки корхонаҳо бо миёнаравии Вазорати молия барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ гирифтаанд.

Ҳудуди 93% аз маблағи қарзи зикршуда – 922,5 млн сомонӣ (82 млн доллар) ба ШСХК “Барқи тоҷик” рост омада, қарзи умумии кредитории ин ширкат то 1 июли соли равон 29,3 млрд сомонӣ (наздики 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар рӯйхати қарздорон инчунин боз 6 корхонаи дигар зикр шудаанд, ки бояд соли 2022 қарзҳояшонро ба маблағҳои зерин пардохт кунанд:

– ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» – 25,1 млн сомонӣ ($2,2 млн);

– КВД «Обу корез» – 16,8 млн сомонӣ ($1,5млн);

– ҶСК «Помир Энержи» – 11,6 млн сомонӣ ($1 млн);

– ҶСК «Тоҷиктрансгаз» – 8,7 млн сомонӣ ($770 ҳаз.);

– КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 4,1 млн сомонӣ ($363 ҳаз.);

– ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» – 3,3 млн сомонӣ ($292 ҳаз.).

Ба ҷуз ширкати “Помир Энержи”, ки иштирокчии лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ, Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии рушди байнулмилалии Швейтсария аст, бастаи пурраи дигар 5 ширкати дар рӯйхат зикршуда ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Аммо ин ширкат соли 2027 низоми энергетикии ВМКБ-ро, ки мутобиқи шартномаи конссесионӣ аз соли 2002 онро идора мекунад, бояд ба ҳукумати Тоҷикистон диҳад.

Дар маҷмӯъ, соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки барои пардохти қарзи беруна ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ (195 млн доллар) маблағ равона мекунад.

Ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 октябри соли равон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.