Буҷаи давлатӣ-2022: аз А то Я

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар соли 2022 ҳукумат аз 33 млрд сомонӣ (зиёда аз 2,9 млрд доллар) даромад ба буҷет интизорӣ дорад, ки 19,4% бештар аз соли 2021 аст.

Дар сохтори даромадҳо 62% ба андозҳо, 26% – гранту қарзҳо, 4,5% – маблағҳои ғайриандозӣ ва 7,5% – ба маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ рост меояд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли оянда зиёда аз 33,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 3 млрд доллар) муқаррар шудааст, ки 19,5% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Ҳудуди 44%-и хароҷот ба соҳаҳои ҳифзшудаи иҷтимоӣ – маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мешаванд.

Байни дигар соҳа ва бахшҳо комплекси таъминоти сӯзишвориву энергетикӣ зиёдтар – беш аз 6 млрд сомонӣ мегирад, ки нисфи ин маблағ ба идома сохтмони неругоҳи “Роғун” равона мегардад.

Тағйири назаррас дар хароҷоти буҷетро метавон бекор шудани “муҳри махфӣ” дар хароҷоти умумӣ ба мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҷамъиятӣ ва судҳо ном бурд. Соли 2022 ба ин сохторҳо ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ (205 млн доллар) ҷудо мешавад, ки зиёда аз 6,8%-и хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...