Буҷаи давлатӣ-2022: аз А то Я

Дар соли 2022 ҳукумат аз 33 млрд сомонӣ (зиёда аз 2,9 млрд доллар) даромад ба буҷет интизорӣ дорад, ки 19,4% бештар аз соли 2021 аст. Дар сохтори даромадҳо 62% ба андозҳо, 26% – гранту қарзҳо, 4,5% – маблағҳои ғайриандозӣ ва 7,5% – ба маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ рост меояд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли оянда […]

Дар соли 2022 ҳукумат аз 33 млрд сомонӣ (зиёда аз 2,9 млрд доллар) даромад ба буҷет интизорӣ дорад, ки 19,4% бештар аз соли 2021 аст.

Дар сохтори даромадҳо 62% ба андозҳо, 26% – гранту қарзҳо, 4,5% – маблағҳои ғайриандозӣ ва 7,5% – ба маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ рост меояд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли оянда зиёда аз 33,6 млрд сомонӣ (ҳудуди 3 млрд доллар) муқаррар шудааст, ки 19,5% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Ҳудуди 44%-и хароҷот ба соҳаҳои ҳифзшудаи иҷтимоӣ – маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мешаванд.

Байни дигар соҳа ва бахшҳо комплекси таъминоти сӯзишвориву энергетикӣ зиёдтар – беш аз 6 млрд сомонӣ мегирад, ки нисфи ин маблағ ба идома сохтмони неругоҳи “Роғун” равона мегардад.

Тағйири назаррас дар хароҷоти буҷетро метавон бекор шудани “муҳри махфӣ” дар хароҷоти умумӣ ба мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҷамъиятӣ ва судҳо ном бурд. Соли 2022 ба ин сохторҳо ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ (205 млн доллар) ҷудо мешавад, ки зиёда аз 6,8%-и хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.