Дар Тоҷикистон баъди воксинзанӣ алайҳи коронавирус QR-код медиҳанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ барои роҳандозии низоми QR-код таҷҳизот гирифта, рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон баъди воксизанӣ QR-кодҳо дода мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии кишвар.

Роҳандозии ин низом дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.

“Таҷҳизотро гирифта, ҳозир насб карда истодаем. Умедворем, ки рӯзҳои наздик низом ба кор даромада, мо ҳам бар асоси пешниҳоди гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан QR-код дода метавонем”, – гуфт Ҷаъфаров.

Ҳоло ҳамаи озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо) дар кишвар ПСР-тести коронавирус гирифта, дар портали «Путешествую без Covid-19» (Бе Covid-19 саёҳат мекунам) кор мекунанд ва бар асоси натиҷаи тест QR-код медиҳанд, ки дар муддати 48 соат амал мекунад.

“Ҳамаи маълумот аз рӯи ин кодҳо ба пойгоҳи низом ворид шуда, баъдан QR-код-ҳо танҳо бар асоси ваксинагирӣ дода мешаванд”, – шарҳ дод Ҷаъфаров.

Этироф накардани ваксингирӣ дар Тоҷикистон ғайриқонунист

Гувоҳномаҳо (сертификатҳо) дар бораи ваксингирӣ, ки дар Тоҷикистон дода шудаанд, баъзан дар Русия эътироф намешаванд. Чанд рӯз пеш як зане, ки бо оилаааш ба Челябинск рафтааст, ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуд.

“Мо ҳама дар Тоҷикистон ваксина гирифта, гувоҳнома дорем, лекин сертификатро дар ин ҷо эътироф намекунанд, зеро дар он барои санҷиш QR-код нест. Ба мо иҷозат намедиҳанд, ки ҳатто ба маҷмааи савдои одӣ ворид шавем. Дар даромадгоҳ посбонон бо дастгоҳи нусхагирӣ (сканирование) истода, ваксина гирифтан ва ҳаққонӣ будани онро месанҷанд, зеро бархе бо ҳуҷҷатҳои дигар нафар даромаданро омӯхтаанд”, – менависад зан.

Аммо, ба гуфтаи Ҷаъфаров, ин ғайриқонунист.

“Русия бояд гувоҳномаҳои ваксингириро дар шаҳрвандони Тоҷикистон эътироф кунад, зеро дар доираи ИДМ – Конвенсияи Минск ва Конвенсияи Кишинёв созишномаи дахлдор мавҷуд аст”, – илова кард намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Зимни сафар ба Русия чиҳоро бо худ мебояд гирифт?

Айни замон аз тоҷикистониёне, ки ба Русия парвоз мекунанд, шиносномаи хориҷӣ ва натиҷаи манфии ПСР-тести коронавирус дар шакли QR-код, ки ба замимаи “Путешествую без COVID-19” ворид шудааст, талаб карда мешавад. Бидуни замимаи зикршуда, ки дар телефонатон бояд насб шуда бошад, шумо ба Русия парвоз карда наметавонед.

Дар хотир доштан лозим аст, ки амали ПСР-тест дар Русия 48 соатро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти як қатор ВАО-и Русия, аз 1 феврали соли 2022 дар Русия қонуни ҳукумат дар бора санҷиши ҳатмии QR-кодҳо мавриди амал қарор мегирад, ки далели ваксинагирӣ аз коронавирус ё чанде пеш аз сар гузаронидани бемории сироят аз COVID-19-ро тасдиқ мекунад.

Мусофирони ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳам  Русия ва ҳам кишварҳои хориҷӣ бояд QR-код дошта бошанд.

То 1 феврали соли 2022 ба ҷуз QR-код, барои парвоз ПСР-тести манфиро низ истифода бурдан имкон дорад.

Муовини вазири нақлиёти Русия Кирилл Богданов ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, дар назар аст, ки QR-кодҳо дар Русия то 1 июни соли 2022, замоне, ки ба сироятнопазирӣ (иммунитет)-и дастаҷамъӣ ба андозаи 80% расидан пешбинӣ шудааст, ҳатмӣ хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...