22-юми декабр. Умеди наздикони Ҳувайдо Тиллозода ба охирин мурофиаи додгоҳӣ

22 декабр мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия баъди чор моҳ аз сар гирифта мешавад. Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуда буд. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба «Азия-Плюс» гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22 декабр баъд аз зуҳр (соати 14ба вақти Маскав.) дар додгоҳи вилояти Маскав оғоз […]

22 декабр мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия баъди чор моҳ аз сар гирифта мешавад. Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуда буд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба «Азия-Плюс» гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22 декабр баъд аз зуҳр (соати 14ба вақти Маскав.) дар додгоҳи вилояти Маскав оғоз мешавад.

Саидов  ҳамчунин гуфт, ки баъди мавқуф гузоштани ҷаласаи додгоҳ чор моҳ пеш хеле руҳафтода гардида буд, вале имрӯз, ки ҳамсараш низ дар паҳлӯяш ҳаст, умед дорад, гунаҳгор сазои худро мегирад.

Падари хонадон мегӯяд, ки бо кӯмаки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамсараш Нигина Саидоваро ба Русия фиристоданд ва ҳоло ҳар ду дар мурофиаи додгоҳ ширкат мекунанд.

Ӯ илова кард, онҳо умед доранд, ки фардо охирин мурофиаи додгоҳии қотили фарзандашон аст ва баъди ҳукм гирифтани қотил онҳо ба Тоҷикистон бармегарданд. 

Бояд гуфт, ки бори охир 22 июн, мурофиаи додгоҳии қазияи Ҳувайдо Тиллозода дар Русия баргузор гардида буд, ки ҳеҷ натиҷа надод.

Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли 2018 аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 3 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст.

Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Мурофиаи додгоҳӣ, борҳо ба далели ташхси вазъи равонии гумонбар дар ин ҷиноят ба таъхир уфтод ва ниҳояд соли гузашта ташхиси коршиносон таъйид кард, ки Сёмин аз нигоҳи равонӣ мушкил надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.