“Қарздор шудам”: Ёрихоҳии ҳамсари яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба 20 сол маҳкум шуд

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш дар Қирғизистон ҳукми ҳабси абадашон ба 20 соли зиндон иваз шуд, аз мардум кӯмак хост. Ин хонавода барои озод шудани ӯ аз чанд нафар 50 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ҳоло дар баргардонидани он ночор мондаанд. Ба гуфтаи Наргис Ҷабборова ӯ ин […]

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ду ҳафта пеш дар Қирғизистон ҳукми ҳабси абадашон ба 20 соли зиндон иваз шуд, аз мардум кӯмак хост. Ин хонавода барои озод шудани ӯ аз чанд нафар 50 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ҳоло дар баргардонидани он ночор мондаанд.

Ба гуфтаи Наргис Ҷабборова ӯ ин миқдор пулро аз хешу таборон ва чанд нафари дигар қарз гирифта барои харҷиӣ роҳу хидмати вакили дифоъ сарф кард, то шавҳарашро озод кунад.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки “ба ҷуз ин пулҳои қарзгирифта, гову гӯсфанд, чизу чораву тилловориямро фурӯхта ба харҷи роҳу адвокат сарф намудам ва ҳаракат кардам, ки натиҷае шавад”.

Ҳоло ин зан бо се фарзандаш бехонаву ҷой монда, дар хонаи модараш дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад. Наргис Ҷабборова аз бадтар шудани вазъи зиндагияш нигарон аст ва мегӯяд, бо аризае аз ҳукумати вилояти Суғд низ хостааст, барояш кӯмаки молӣ расонанд.

“Аз як шахс 20 ҳазор сомонӣ гирифта будам ҳоло маҷбур мекунад, ки қарзро баргардонам. Бояд 1-уми декабр бармегардонидам натавонистам. Ба ҳукумати Суғд ариза навиштам то дар пайдо кардани 10 ҳазор сомонӣ кӯмак расонад, онҳо ёрӣ медиҳем гуфтанд. Боқимонда қарзҳоро аз хешу ақрабо гирифтаам, онҳо гуфта истодаанд вақте шавҳарат озод шуд баъд бармегардонед. Ман аз роҳбарон ва шахсони саховатманд кӯмак мепурсам, ки шавҳарамро озод кунанд ва ба мо ҳамаҷониба ёрӣ расонанд”.,-мегӯяд Ҷабборова.

Шавҳари Ҷабборова, Абдурозиқ Қаҳҳоров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро додгоҳи ноҳияи Лайлак се моҳ пеш, 14-уми сентябр бо ҷурми “ҷиноят бар зидди сулҳ” ва “ғоратгартӣ”-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон ба ҳукми абад равонаи зиндон кард.

Баъдан бо талошҳои Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва хешу таборони маҳкумшуда ҳукми абади Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мурофиаи 6-уми декабр ба 20 соли зиндон тағйир дода шуд.

Наргис Ҷабборова аз тағйироте, ки ахиран дар ҳукми шавҳараш омад шод аст, аммо ҳанӯз ҳам иттиҳоми охиронро қабул надорад ва пофишорӣ мекунад, ки шавҳараш бегуноҳ аст ва бояд озод шавад.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло бо ёрии сафорати Тоҷикистон дар Бишкек алайҳи ҳукуми охирон низ шикояти кассатсионӣ менависанд.

Баъди боздошт шудани Абдурозиқ Қаҳҳоров дар пайи муноқишаҳои хунини охири моҳи апрел, Наргис бо се фарзандаш дигар бехонаву ҷой мондааст. Онҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва то шаш моҳи пеш дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Ин деҳа наздик ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар замони Шӯравӣ ва баъди он даҳҳо сокинони ин ҷамоат ба ин деҳаи ноҳияи Лайлак кӯч баста барои худ хона сохтаанд.

Наргис Ҷабборова мегӯяд, то замони муноқишаи хунинӣ охири моҳи апрели имсол онҳо зиндагии осуда доштанд.

Ин оила низ соли 2010 аз Хистеварз ба деҳаи Борбордук кӯч баста хонае сохтаанд, ки марбут ба як шаҳрванди Қирғизистон буда бо сабти иқомат (прописка) зиндагӣ мекарданд. Аммо ҳоло дар он манзилашон ҳама лавозимоти рӯзгорашон боқӣ мондааст, ки наметавонанд ба мисли пештара рафта зиндагӣ кунанд.

Духтари Наргис Ҷабборова донишҷӯи курси аввали риштаи иқтисоди яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд  буда, ду фарзанди дигараш дар мактаби миёна таҳсил мекунанд.

Аммо ӯ мегӯяд, ҳоло харҷи таҳсили ин фарзандон ба ба танҳоӣ барояш душвор шудааст, ки дар ҳеҷ куҷое кор намекунад.

Абдурозиқ Қаҳҳорови 41-сола то замони боздошт, дар мусофиркаши хатсайри №66 – “Хистеварз-Гулистон” ронандагӣ мекард ва аз ҳисоби ин кораш оиларо саробонӣ мекард.

Ҳамсараш мегӯяд, дар рӯзҳои муноқишаи хунин низ шавҳараш дар ҷойи корӣ буд ва ба ягон ҷиноят даст назадааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.