“Сипоҳи сухан”, «Кайфар», «Чӯҷа, ҷӯча ва хӯҷа». “Китоби соли 2021” маълум шуд

«Сипоҳи сухан»-и Беҳрӯзи Забеҳулло дар номинаи китоби назм ва «Кайфар»-и Дилвари Мирзо дар номинаи китоби наср ҳамчун китоби соли 2021 эълон гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд. Гуфта мешавад, ки маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2021» рӯзи 17 декабр аз рӯи шаш номина ҷамъбаст гардид. Дар озмун дар маҷмӯъ, 41 нафар довталаб […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

«Сипоҳи сухан»-и Беҳрӯзи Забеҳулло дар номинаи китоби назм ва «Кайфар»-и Дилвари Мирзо дар номинаи китоби наср ҳамчун китоби соли 2021 эълон гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2021» рӯзи 17 декабр аз рӯи шаш номина ҷамъбаст гардид.

Дар озмун дар маҷмӯъ, 41 нафар довталаб ширкат намуданд.

Ҳамин тариқ, дар номинаи китоби назм ҷои якумро «Сипоҳи сухан»-и Беҳрӯзи Забеҳулло, ҷои дуюмро «Дидаи дард»-и Гурез Сафар ва ҷои сеюмро «Нотаи сабз»-и Раънои Хуршед сазовор гардиданд.

Дар номинаи китоби наср, ҷои якумро китоби «Кайфар»-и Диловари Мирзо, ҷои дуюмро «Кӯҳи оҳан»-и Сайдаҳамади Зардон ва Хушқадам Холиқов, ҷои сеюмро «Биё, ки фолат бинам»-и Холиқназар Ҷумъазода гирифтанд.

Дар номинаи асарҳои публисистӣ, таълифи дастаҷамъӣ, таҳия ва пешниҳоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ» ҷои якум, «Дидгоҳи давлатмеҳвар»-и Абдуллоҳи Раҳнамо ҷои дуюм ва «Тоҷикистони дирӯзу имрӯз»-и Ҷаъфар Ранҷбар ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Дар номинаи асарҳои назми бачагона ҷои якум ба «Чӯҷа, ҷӯча ва хӯҷа»-и Низом Қосим, ҷои дуюм ба «Одоб ҳусни инсон аст»-и Маҳбуба Неъматова ва ҷои сеюм ба «Барбоси ман»-и Нуруллои Ориф сазовор дониста шуд.

Дар номинаи асарҳои насри бачагона,  «Ситорачаи даруни себ»-и Сафияи Носир ҷои якум, «Бобо»-и Баҳром Фирӯз (ба забони русӣ) ҷои дуюм, «Дӯстӣ бузург»-и Дурдонаи Зафар (ба забони англисӣ) ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ, ҷои якумро «Қонуни тиб»-и Сайнуриддин Шаҳобиддинов, ҷои дуюмро «Се шоҳкор» Луиҷи Пиранделло «Шодравон Матиа Паскал», Френсис Скотт «Гетсбии муаззам» ва Ҳерман Ҳессе «Гурги даштӣ»-и Салими Зарафшонфар ва  ҷои сеюмро «Бруно Ясенский ва Тоҷикистон»-и Бурҳон Салмон, Элвира Султонова сазовор гардиданд.

Ба ғолибон диплом ва маблағи пулӣ аз 500 сомонӣ то 1,5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.