Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбии Суғд бо гумони ришвагирӣ

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон як корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Мавзуна Абдуллоева ва як шарики ӯ Ғафурова З. И.-ро бо ҷурми гирифтани пора дастгир намуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар иттилои расмим ин ниҳод омадааст, ки онҳо бар ивази омода кардани билети ҳарбии корношоямӣ аз як шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 6 […]

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон як корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Мавзуна Абдуллоева ва як шарики ӯ Ғафурова З. И.-ро бо ҷурми гирифтани пора дастгир намуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар иттилои расмим ин ниҳод омадааст, ки онҳо бар ивази омода кардани билети ҳарбии корношоямӣ аз як шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 6 ҳазор сомонӣ боздошт шудаанд. Аммо аз шаҳрванде, ки бояд билетҳи ҳарбӣ мегирифт, оҷонсӣ ном набурдааст. 

“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони оҷонсӣ Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.”-омадааст дар хабарномаи ин нищод.

Ин ниҳод гуфтааст, ин ду зан маблағи тасарруфкардаро ба хароҷоти шахсиашон сарф намудаанд.

Феълан нисбати ин ду бо гумони қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “Б”, “В” ва “Г” Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом, тибқи ин бандҳои қонун ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.