Дар Тюмен ба муҳоҷирон кор дар автобусу такси манъ шуд

Asia-Plus

Бо қарори губернатори вилояти Тюмен Александр Моор, ба ширкатҳои нақлиёти маҳаллӣ қабули шаҳрвандони хориҷии бар асоси патент фаъолиятдошта ба кор манъ шуд.

Тибқи ин қарор, акнун хориҷиён дар соҳаи нақлиёти мусофирбари заминӣ бо шумули нақлиёти шаҳрӣ ва гирду атрофи он, инчунин нақлиёти автомобилии боркаш кор карда наметавонанд.

Ширкатҳои нақлиётӣ вазифадор шудаанд, ки то 1 марти соли 2022 “шумори кормандони хориҷиро мутобиқи қарори мазкур дуруст кунанд.

Тавре ки Медуза хабар медиҳад, баъд аз Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск, ки аз рӯи қаламрав ба ҳайати вилояти Тюмен шомил аст, вилояти Тюмен дуюмин минтақаи Русия аст, ки соли 2022 муҳоҷирон дар ин ҷо дар нақлиёти ҷамъиятӣ кор карда наметавонанд.

Губернатори Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск Наталя Комарова низ 14 декабр қарори ба ин монанд имзо кард, ки мувофиқи он, кори муҳоҷирон инчунин дар мағозаҳои фурӯши машрубот ва сигарет манъ шуд.

Моҳи ноябр дар шаҳрдории Маскав изҳор намуданд, ки доир ба пурра даст кашидан аз истифодаи кори муҳоҷирон дар соҳаи сохтмон нақша таҳия карда истодаанд.

Ба ҷойи “миллионҳо муҳоҷирон”

Қаблан раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Русия пешниҳод намуда буд, ки низоми қабул ба кор (рекрутинг)-и русиягиҳо таъсис дода шавад.

“Низоми пуриқтидоре мавҷуд аст, ки ба миллионҳо муҳоҷирони корӣ хидматрасонӣ мекунад. Дар минтақаҳои Русия ба ин монанд низоми рекрутинг вуҷуд надорад. Онро ташкил кардан лозим аст. Масалан, кӯшиш бояд кард, ки шаҳрвандони Русияро аз минтақаҳои начандон бой, ки дар он ҷо шароити кор бад аст, ба кор ҷалб кунем. Расман бекорӣ нест, лекин дар асл маош хеле кам аст. Мо даъват мекунем, ки чунин низом ташкил карда шавад”, – иброз доштааст Фадеев дар мусоҳиба ба “Известия”.

Фадеев бар ин назар аст, ки сокинони минтақаҳои начандон бойро ба шаҳрҳои бузург, ки он ҷо маош баландтар аст, ба кор ҷалб мебояд кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кардааст, ки дар баъзе минтақаҳо маоши миёнаи русиягиҳо аз маоши муҳоҷирони корӣ камтар мебошад.

“Тобистони ҳамин сол Superjob назарсанҷӣ гузаронид. Дар соҳаи сохтмон сафолчин 100 ҳазор рубл ва кафшергари барқӣ – 85 ҳазор маош гирифта, музди миёнаи боррасон (курер) дар Маскаву Челябинск ва Ростови лаби Дон – 70 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Акнун маоши русиягиҳоро дар минтақаҳо муқоиса мекунем: вилояти Оренбург – 19,7 ҳазор рубл, Чувашия — 17,4 ҳазор, вилояти Курган – 17,8 ҳазор, Мордовия – 17,8 ҳазор. Ин музди меҳнат аз маоши имрӯзаи муҳоҷирони корӣ бамаротиб камтар аст», – изҳор намудааст ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...