Ба равуои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок маҳдудият ҷорӣ мешавад

Дар робита ба барфи пуршиддат дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ба равуои мошинҳои боркаш бо ядак (притсеп) ва мошинҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) муваққатан маҳдудият ҷорӣ шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS , ки масъулияти нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин шоҳроҳро ба уҳда дорад. “Сарфи назар аз барфи пуршиддат, айни замон роҳ барои ҳаракати […]

Дар робита ба барфи пуршиддат дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ба равуои мошинҳои боркаш бо ядак (притсеп) ва мошинҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) муваққатан маҳдудият ҷорӣ шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS , ки масъулияти нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин шоҳроҳро ба уҳда дорад.

“Сарфи назар аз барфи пуршиддат, айни замон роҳ барои ҳаракати мошинҳо боз аст, лекин барои мошинҳои боркаш бо ядак ва мошинҳои боркаши бузургҳаҷм  маҳдудият вуҷуд дорад”, – гуфтанд дар дафтари матбуоти ширкат.

Маҳдудияти муваққатӣ ба ин навъи воситаи нақлиёт ба он вобаста аст, ки барои ҳаракати дигар навъи нақлиёт монеъа эҷод нашавад.

Дар ширкат инчунин хабар доданд, ки дар ағбаҳои шоҳроҳи Душанбе-Чанок айни замон барфи пуршиддат борида истодааст.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба корҳои таъмир, шурӯъ аз имрӯз ба ҳаракати нақлиёт дар нақби “Истиқлол” маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

“Сар аз имрӯз, 20 декабр ҳамарӯза аз соати 9:00 то 13:00 ҳаракати нақлиёт тариқи нақб аз ду самт боздошта мешавад. Ин маҳудудият 10 рӯз давом мекунад”, – илова карданд дар IRS.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.