“Солярка пайдо шуд”: Автобусҳои Хуҷанд мусофиркаширо оғоз карданд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бо гузашти як ҳафтаи таваққуф ба иллати набуди маводи сӯхт, ҳаракати автобусҳои мусофирбар дар шаҳри Хуҷанд аз сар гирифта шуд. Сар аз рӯзи душанбеи 20-уми декабр кори ҳудуди 30 автобус дар хатсайри дохилишаҳрӣ ва буруназшаҳрии Хуҷанд барқарор шудааст.

Ба мусофиркашӣ пардохтани танҳо 30 автобус дар ҳолест, ки чанд сол пеш тибқи барнома ба шаҳри Хуҷанд 100 автобуси нави замонавӣ ворид шуда буд. Ва то ба миён омадани мушкили сӯзишворӣ ҳудуди 50 автобус ба ҳамлу нақли мусофирон сару кор дошт.    

Музаффар Раҳимхӯҷаев, мудири ширкати “Нақлиёти мусофиркашон”-и Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, мушкилии маводи сӯухт ҳалли худро ёфт. Ӯ ахири ҳафтаи гузашта ва замони манъи ҳаракати автобус гуфта буд аз  реҷаи истифодаи сӯзишвории тобистона ба реҷаи истифодаи зимистона гузаштанд. Ширкати воридкунанда низ саривақт натавонистааст ин навъи сӯзишвории дизелӣ дастрас кунад. 

“Бинобар сабабҳои техникӣ ва сӯзишворӣ, ки мо як муддат ҳаракати автобусҳоро боз дошта ба мардум монеъ эҷод кардем аз сокинон, меҳмонон ва мусофирони КВД “Нақлиёти мусофиркашон”-и Хуҷанд маъзарат мепурсем”,-гуфт мудири ин корхона

Ӯ гуфта буд тибқи шартнома сӯзишвории дизелиро ширкати “Се ганҷ” ворид мекунад ва бояд дар қадами аввал 20 тонна сӯзишвории мутобиқ ба фасли сарморо ворид кунад. Моҳе барои кори автобусҳои ҷамъиятӣ ҳудуди 50-60 тонна ин навъ маводи сухт сарф мешудааст. Музаффар Раҳматхӯҷаев афзуд, маблағ барои харидории сӯзишворӣ аз буҷаи шаҳри Хуҷанд пардохт  мешавад ва дар ин самт мушкиле нест. 

Феълан чаҳор хатсайри автобус байни шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амал мекунад. Ба ҳар кадоме аз ин автобусҳо мутобиқ ба хатсайр дар як рӯз аз 95 то 110 литр сӯзишвории дизелӣ сарф мешавад ва роҳкирои дохилишаҳрӣ дар он 1 сомонӣ беруназшаҳрӣ 2 сомонӣ мебошад. Дар назар аст шурӯъ аз соли нав ду хатсайри нави автобус ташкил гардад.   

Чанд сол пештар дар доираи лоиҳаи  “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ” Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба корхонаи  “Нақлиёти мусофиркашон”-и  Хуҷанд 26 миллион доллар қарзи даҳсола ҷудо кард ва аз ҳисоби он соли 2018 ба ин шаҳр 100 адад автобуси тамғаи “ЛИАЗ” аз Федератсияи Русия ворид шуд. Аз 26 миллион доллар қарзи даҳсола 17, 5 миллион доллар қарз ва 8,5 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт  гуфта мешавад.

Бо ҷуҷуди ворид шудани  100  автобус ҳаракати пурраи он то ҳанӯз таъмин нашудааст. Балки қисме аз ин автобус дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва беруназшаҳрӣ мусофиркашонӣ мекунад.  Кори автобусҳо аз тобистони имсол дар пайи гарон шудани нархи сӯзишвории дизелӣ ба мушкили печид.  Моҳи август 90%-и автобусҳо бар асари болоравии арзиши сӯзишвории дизелӣ корашонро боздошта танҳо баъди як моҳ сар аз моҳи сентябр барқарор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...