ФИФА ба футболи тоҷик 16 млн евро ваъда медиҳад

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ба ҳар кадоме аз федератсияҳои миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 16 млн евро ваъда медиҳад, агар онҳо пешниҳоди баргузор намудани чемпионатҳои футболи ҷаҳонро дар як сол ду маротиба дастгирӣ кунанд. Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино маълумот дод, ки чаро чемпионати ҷаҳонро тез-тез баргузор намудан лозим аст. Тавре ки сомонаи расмии ташкилот хабар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ба ҳар кадоме аз федератсияҳои миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон 16 млн евро ваъда медиҳад, агар онҳо пешниҳоди баргузор намудани чемпионатҳои футболи ҷаҳонро дар як сол ду маротиба дастгирӣ кунанд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино маълумот дод, ки чаро чемпионати ҷаҳонро тез-тез баргузор намудан лозим аст. Тавре ки сомонаи расмии ташкилот хабар медиҳад, ду таҳқиқоти мустақил пешгӯйӣ кардаанд, ки  агар чемпионатҳои ҷаҳон байни занон ва мардон як маротиба дар ду сол гузаронида шаванд, вазъи иқтисодии 211 узви ФИФА беҳтар мешавад. Натиҷаҳои гирифта аз Nielsen ва OpenEconomics дар ҳамоиши ФИФА пешниҳод шуд.

“Коршиносони мустақил хабар доданд, ки гузариш ба баргузории чемпионати ҷаҳон дар ду сол як маротиба дар тӯли чор соли аввал дар маҷмӯъ 4,4 млрд доллар даромади иловагӣ меорад, ки он дар байни 211 ассотсиатсияи узви ФИФА тақсим карда мешавад", – гуфтааст Инфантино.

Ӯ зикр кардааст, ки даромади иловагӣ имкон хоҳад дод, ки маблағгузорӣ ба як узви ФИФА дар давраи аввали чорсола аз 6 млн то 25 млн доллар афзоиш дода шавад.

“Ҳадафи мо кӯмак ба камшавии фарқият байни аъзоёни ФИФА буда, ба шумори ҳарчи бештари иттиҳодияҳо имкони воқеӣ диҳем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ кунанд”, – иброз доштааст президенти ташкилот.

Ба иттилои манбаъ, агар лоиҳа дар конгресси навбатии ФИФА, ки 31 марти соли 2022 доир мегардад, маъқул дониста шавад, шурӯъ аз соли 2026 чемпионати ҷаҳон оид ба футбол як маротиба ҳар ду сол гузаронида мешавад.

Ба ин тағйирот на танҳо УЕФА ва президенти он Александр Чеферин мухолифанд. Дар ин баҳс роҳбари футболи Аврупоро бошгоҳҳои бузург, лигаҳои пешрафтаи Аврупо ва FIFPro дастгирӣ карданд. Ҳамаи онҳо таҳдид карданд, ки ҳар гуна чемпионати иловагиро, ки аз тақвими умумиқабулшуда берун аст, таҳрим мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки ФИФА идеяи бештар баргузор намудани чемпионатҳои ҷаҳонро фаъолона пеш мебарад. Рақибони асосӣ УЕФА-и Аврупо ва КОНМЕБОЛ-и Амрикои Ҷанубӣ мебошанд.

Аз охирин Чемпионати ҷаҳон дар Русия ФИФА даромади рекордӣ ба даст овард. Тӯли як давраи чаҳорсола аз соли 2015 то 2018 (ФИФА дар як давраи чаҳорсолаи буҷети байни Ҷоми ҷаҳон зиндагӣ мекунад) ФИФА 6,1 млрд доллар даромад гирифт, ки 6,7% зиёдтар нисбат ба давраи чорсолаи то чемпионати ҷаҳон дар Барзилия-2014 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.