Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ба кори дохили Афғонистон дахолат намекунад ва ҳадафи ғаразноке надорад

Раисҷумҳури Тоҷикистон, бар хилофи суханрониҳои қабиляш дар давоми соли 2021, дар паёми имсолааш ба масоили вазъи Афғонистон ба таври умумӣ пардохт ва гуфт, мо ба кори дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем. Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон ёдовар шуда гуфт,  ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми Афғонистон […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон, бар хилофи суханрониҳои қабиляш дар давоми соли 2021, дар паёми имсолааш ба масоили вазъи Афғонистон ба таври умумӣ пардохт ва гуфт, мо ба кори дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон ёдовар шуда гуфт,  ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад.

Вай дар идома аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон гуфт ва қайд кард, ки Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷангро дорад, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунад ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорад.

– Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад,- зикр намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад ва тамоми мушкилоте, ки дар минтақаи зикршудаи марзӣ ба вуҷуд меояд, аз ҷумла қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводи мухаддир мустақиман ва қабл аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад.

– Агар Афғонистон дар он айём орому босубот мебуд, гурӯҳҳои экстремистиву террористии аз ҷумлаи шаҳрвандони мо бо кумаку дастгирии кишварҳои манфиатдор ташкилгардида наметавонистанд қаламрави онро ҳамчун пойгоҳи аъмоли хунини худ бар зидди Тоҷикистон истифода намоянд,-гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки башардустона ба Афғонистон 6 пули байни давлатҳо бемамоният фаъолият мекунад.

Ӯ ҳамчунин, ба ҳукумат дастур дод, ки барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Афғонистон чораҷӯӣ намояд ва омодагии логистикии Тоҷикистонро дар ин самт ироа кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио