Аз душмани дирӯз то шарики низомии имрӯз: порлумон се созишномаи низомӣ бо Ӯзбекистонро тасвиб кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вакилони парлумони Точикистон дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагон се созишномаи низомӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро тасвиб карданд. Ин се созишнома миёни вазоратҳои дифои ду кишвар дар бахшҳои муҳим, аз ҷумла кашф ё разведкаи низомӣ мебошанд.

Ду созишномаи дигар, яке дар бахши истифодаи ҳарими ҳавоӣ ва аэродромҳо аз сӯйи ҳавопаймоҳои ҳавонавардии давлатӣ дар ҳолатҳои рафънопазир ё форс-мажор ва дигаре дар бахши мудофиаи зиддиҳавоӣ мебошанд.

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҷузъиёти созишномаи ҳамкорӣ дар самти иктишофи ҳарбӣ байни ду кишварро ба хабарнигорон шарҳ надод, танҳо гуфт, “он чӣ ҳаст, ҳамаашро дар назди вакилон гуфтам”.

Ӯ дар шарҳи созишнома дар ҳузури вакилон гуфт, он бо назардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ, аз ҷумла густариши гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ дар минатқа ба тасвиб расида, амалигардонии он ба манфиати таъмини амнияти милии ду кишвар мебошад.

Номбурда гуфт, дар доираи созишнома анҷоми корҳои тадорукотӣ ва баргузории тамринҳои муштарак, табодули таҷриба ва маълумот дар бахши иктишофи ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари созишномаи ҳамкории разведкаи ҳарбӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчунин, созишномаи ҳамкории мудофиаи зиддиҳавоӣ низ аз ҷониби вакилони тоҷик ба тасвиб расид.

Ба гуфтаи вазири дифои Тоҷикистон он ҳамкории ҷонибҳоро  дар самт мубодилаи иттилоот  дар мавриди вазъи фазои ҳавоӣ, расонидани ёрӣ ба ҳавопаймоҳо дар ҳолатҳои рафънопазир, мубдилаи таҷриба дар соҳаи ҳавонавардӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, тайёрии мушатарки қушунҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва омода намудни кадрҳоро пешбинӣ намудааст.

Вазири тоҷик ҳамзамон гуфт, дар доираи созишнома ҳамкории якҷояи навбатдорони мудофиаи зиддиҳавоии тарафҳо оид ба назорат ва танзими фазои ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад.

Ба гуфтаи вазири дифои Тоҷикистон созишномаи мудофиаи зиддиҳавоӣ имкон медиҳад, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангию нақлиётии қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми гирифтори садама, ҳолатҳои табиию техногенӣ ва дигар фалокатҳои ғаричашмдошт (форс-мажор), таъмин карда шавад.

Дар чанд соли ахир Тоҷикистону Ӯзбекистон равобиташонро ба ҳадде пеш бурданд, ки ҳоло аз ҳамкорони муҳими на танҳо иқтисодӣ, балки низомиву истихборотӣ шуданд. Ин дар ҳолест, ки то замони ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ҳар ду кишвар борҳо аз боздшту кашфи ҷосусҳо хабар дода буданд.

Рушди ҳамкории ҳарбию фаннии ин ду кишварҳои ҳамсоя пас аз сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 оғоз ёфт. Он замон Душанбе ва Тошканд бори нахуст дар таърихи равобити дуҷониба се созишномаи байнидавлатиро дар бахши низомӣ ба имзо расониданд.

То ин замон ин ду кишвар, солҳои тӯлонӣ амалан дар ҳолати ҷанги сард қарор доштанд. Ҳаракати ҳавоӣ миёни кишварҳо қатъ шуда буд, хатсайрҳои автобус манъ ва қисме аз роҳи оҳан барҳам ва миёни ду кишвар режими раводид шуда буд.

Ҳамчунин, сар аз оғози солҳои 90-ум бо ташаббуси Тошканд қитъаҳои ҷудогонаи сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон минакорӣ шуданд, ки тибқи маълумоти Маркази миллии масоили минаҳои Тоҷикистон дар давоми беш аз соли ахир аз таркиши ин минаҳо 374 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва 485 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни безараргардонии минаҳо 20 мутахассиси ин соҳа (сапёрҳо) захмӣ ва 2 нафари онҳо ҳалок шуданд.

Чанд сол пештар, қабл аз хуб шудани равобит, Тоҷикистон аз боздошти ду шаҳрванди Ӯзбекистон хабар дода буд, ки қасд доштанд сарбанд ва иншооти дигари НБО “Роғун”-ро битарконанд.

Ӯзбекистон аз тарҳову лоиҳаҳои бузрги Тоҷикистон борҳо ба минбарҳову созмонҳои ҷаҳонӣ шикоят бурда буд. Аз ҷумла кишварҳи ҳамсоя он замон вуҷуди Ширкати алюминийи тоҷик “Талко”-ро дар марзи худаш ва бунёди “Роғун”-ро даледи офаридани фоҷиаҳои калони экологӣ барои худ ва кишварҳои дигари минтақа унвон карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

                      

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...