Сафорат: Саломатии тоҷики боррасони “Яндекс.Еда” муътадил аст

Вазъи сиҳатии тоҷикистонии боррасон (курер)-ии “Яндекс.Еда” муътадил шуда, ӯро аз шуъбаи эҳё ба дигар шуъба гузарониданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия. Рӯзи 14 декабр дар истгоҳи автобуси “Рязанский проспект” дар шаҳри Маскав марди роҳгузаре ба гардани боррасони “Яндекс.Еда” Хайрандеш Худойназаров бо корд зарба зад. Сипас тоҷикистониро дар шуъбаи эҳёи дармонгоҳи шаҳрии […]

Вазъи сиҳатии тоҷикистонии боррасон (курер)-ии “Яндекс.Еда” муътадил шуда, ӯро аз шуъбаи эҳё ба дигар шуъба гузарониданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Рӯзи 14 декабр дар истгоҳи автобуси “Рязанский проспект” дар шаҳри Маскав марди роҳгузаре ба гардани боррасони “Яндекс.Еда” Хайрандеш Худойназаров бо корд зарба зад. Сипас тоҷикистониро дар шуъбаи эҳёи дармонгоҳи шаҳрии ба номи Иноземтсев бистарӣ карданд.

“Кормандони сафорат шаҳрванди ҷабрдидаро аёдат карда, бо худаш ва табибони муолиҷакунандаи ӯ гуфтугӯ карданд. Ҳозир вазъи солимии Худойназаров муътадил шуда, ӯро аз шуъбаи эҳё ба палатаи маъмулӣ гузарониданд”, – гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ.

Зимнан зикр шуд, ки нисбати марди ҳамлагр парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад, лекин мушаххасан нагуфтанд, ки ӯ бо кадом модда айбдор карда мешавад.

Тибқи маълумоти ВАО-и Русия, гумонбар ба суиқасди куштор сокини 40-солаи вилояти Кемерово боздошт шуда,  муайян шудааст, ки замони содир кардани ҷиноят ӯ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, марди ҳамлагар рафтори ношоиста карда, ба унвони боррасон фарёду ӯро таҳқир намудааст. Як шоҳид гуфтааст, ӯ чунин изҳори норозигӣ кардааст: “Аз пушти ту ман бекорам”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.