“Қазияи Ҳувайдо”: Мурофиа 4 соат давом кард, аммо охирин нашуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд ширкат карданд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия боз ба рӯзи 29-уми декабр гузошта шуд.   Қарор буд, рӯзи 22-юми декабр охирин мурофиа доир ва гумонбари ин ҳодисаи пурсарусадо ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дирӯз, мурофиаи додгоҳӣ баъди чор моҳи таъхир аз сар гирифта шуд, вале бидуни ҳеч натиҷае ба охири моҳ ба таъхир гузошта шуд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки боз ҳам мисли мурофиаҳои қаблӣ аз ҷониби ҳимоятгари гумонбар ҳар гуна баҳонаҳо пеш оварда шуд. Саидов, гуфт, ҳар баҳонае, ки ҷониби гумонбар пеш меоварданд, ҳимоятгари хонаводаашон баҳонаҳои онҳоро бо далелҳо шарҳ медод ва рад мекард.

Ӯ гуфт, дар ин мурофиа барои ҳимояти онҳо шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия омада буданд  ва умед буд охирин мурофиаи додгоҳӣ мешавад.

«Мурофиа аз соати тақрибан се оғоз гардида, 4 соат идома кард. Дигар хаста шудам, ҳамаи он гуфтаҳое, ки аз ҷониби додрас садо медод, дар сарам ҷо карда наметавонистам»,- мегӯяд Саидов 

Ҳоло бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳамсари Саидов ҳам аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст ва мунтазири охирин ҷалсаи додгоҳӣ ҳастанд, ки бубинад додгоҳ дар баробари гумонбари ҳодисаи гӯшношуниди қатлу таҷовузи духтари панҷсолаашон чӣ ҳукме содир мекунад. 

Ҳодиса рӯзи 22 июли соли 2018 замоне рух дод, ки Ҳувайдои ғӯрамарг дар назди хонаашон дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ғайб зад. Ҷасади ӯро субҳи рӯзи дигар дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии он маҳал пайдо кардаанд.

Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар дода буданд, ки ба гумони даст доштан дар куштори ваҳшиёна ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шуд. Он замон додгоҳи шаҳри Серпухово амр дода буд, ки Александр Сёмин дар боздошт бимонад, зеро барои атрофиён хатар дорад.

Бо вуҷуди он ки Сёмин гуфта буд “дар ин ҷиноят даст надорад”, додгоҳ гуфт, далелҳои пешниҳодкардаи муфаттишон возеҳ нишон медиҳанд, ки ӯ дар таҷовузи ҷинсӣ ва қатли Ҳувайдо Тиллозода даст дорад.

Падари Ҳувайдо, Абдусалом Саидов он замон рафти ҳодисаро чунин шарҳ дода буд: “Ҳамааш дар 5-10 дақиқа рух дод. Ҳамроҳ бо ҳамсарам дар назди хона будем. Вориди мағоза шудам ва ҳамсарам кӯдаки хурдиро бинам гуфта, аз он ҷо каме дуртар рафтааст. Дар байни 5-10 дақиқа кӯдакро дуздиданд. Соатҳои панҷи бегоҳ буд, ки дуздиданд. Соати 4 саҳар пайдо кардем. Ҷасадаш дар дохили сумка буд”.

Ҷасади Ҳувайдоро рӯзи 25 июли соли 2018 ба Тоҷикистон оварданд ва дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...