Марзбонони қирғиз хонаи як сокини Сомониёнро тирборон кардаанд. Дувумин ҳодиса дар шабонарӯзи ахир

Марзбонони қирғиз шаби 22 ба 23-уми декабр ба хонаи як сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара тир холӣ кардаанд. Дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара расман ҳодисаро шарҳ дода мегӯяд, хонаи Муҳаммадҷон Довудов, соати 22:00-и шаб мавриди тирпаронӣ қарор гирифт. Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар давоми рӯз ҳодисаҳои ахири тирпаронӣ дар марзро расман шарҳ медиҳад. Субҳи […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Марзбонони қирғиз шаби 22 ба 23-уми декабр ба хонаи як сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара тир холӣ кардаанд. Дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара расман ҳодисаро шарҳ дода мегӯяд, хонаи Муҳаммадҷон Довудов, соати 22:00-и шаб мавриди тирпаронӣ қарор гирифт.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар давоми рӯз ҳодисаҳои ахири тирпаронӣ дар марзро расман шарҳ медиҳад. Субҳи имрӯз аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло вазъ дар марз, хусусан дар нуқтаҳое, ки ҳодиса сар задааст, муътадил аст.

Дар пайи тирпаронӣ оинаҳои манзили иқоматии ин сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ шикаста, тир то ба хонайи хоб ва деворҳои дигари хона бархӯрдааст.

“Муҳаммадҷон Довудов ин дафъаи чандумин бор аст, ки аз тарафи қирғизҳо азият мебинад ва ба молу амволаш зарар мерасад. Тахминан, ду ҳафта пештар низ якчанд гови ин сокини деҳаи Сомониён аз ҷониби қирғизҳо рабуда шуда буд ва танҳо баъди дахолат масъулон говҳо баргардонида шуда буданд”,-шарҳ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.  

Манбаъ гуфтааст, дар муноқишаи охири моҳи апрели имсол низ хонаи ин сокини Сомониён аз ҷониби сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон оташ зада шуда, пурра пурра вайрон шуда буд. Баъдан мақомот хонаи ӯро аз нав сохта буданд.

Як рӯз пеш аз ин ҳодисаи тиркушоӣ, дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо Қирғизистон низ тиркушоӣ шуда буд. Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо расонаҳои қирғиз бо такя ба иттилои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварашон навиштанд, ки зуҳри 22-уми декабр се марзбони тоҷик ба сӯйи мошини «КамАЗ» дар роҳи «Мақсат-Жаштык» тир холӣ кардаанд.

Деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлаки кишвари ҳамсоя бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Ин расонаҳои қирғизӣ гуфтааст, дар пайи тиркушоии марзбонони тоҷик Бектемир Муталиев як ронандаи 47-солаи мошини обкаш захмӣ шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, тибқи маълумоти пешакӣ ронанда мошини обкашони «КамАЗ»-ро дар шоҳроҳи «Мақсат-Жаштык» идора мекард ва бо мақсади обгирӣ ба ҷӯйборе мерафт. Гуфта мешавад гӯё се низомии тоҷик дар ин вақт ба назди ин ронанда омада ба мошинаш савор мешаванд ва кӯшиши ба марзи Тоҷикистон гузаронидани ин шаҳрванди Қирғизистонро кардаанд.

Қаблан расонаҳои қирғиз иттилоъ дода буд, ки дар пайи ин тиркушоӣ дар назар аст мақомоти ду ҷониби марзи ноҳияи Лайлак бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтушунид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баъди чанд соат ва шаби ин ҳодиса марзбонони қирғиз ба хонаи сокини деҳаи Сомониён чанд тир холӣ кардаанд.

Расонаҳои қирғизӣ мегӯянд, ки пар пайи ҳодисаи дирӯза нафарони масъули марзбони ҳар ду тараф мулоқот карда, ҳодисаро баррасӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.