Беш аз 130 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик ба ватан бармегарданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ба 133 муҳоҷири тоҷике, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахаровои шаҳри Маскав қарор доранд, шаҳодатномаи бозгашт таҳия гардида, интизор меравад рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон баргарданд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ба муҳоҷирон дирӯз, 22 декабр дар доираи  боздиди консули сафорати Тоҷикистон дар Русия Искандар Шафозода аз боздоштгоҳи муваққатии деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав ҳуҷҷатҳо дода шуд.

Консули сафорат ҳамчунин,  бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба онҳо доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

– Дар рафти вохурӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 133 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид,-  менависад сафорат.

Ба гуфтаи манбаъ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз дода шуд.

Сафорат менависад, ки шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар дигар шаҳру вилоятҳои Русия низ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...