Беш аз 130 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик ба ватан бармегарданд

Ба 133 муҳоҷири тоҷике, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахаровои шаҳри Маскав қарор доранд, шаҳодатномаи бозгашт таҳия гардида, интизор меравад рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон баргарданд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки ба муҳоҷирон дирӯз, 22 декабр дар доираи  боздиди консули сафорати Тоҷикистон дар Русия Искандар Шафозода аз боздоштгоҳи муваққатии деҳаи Сахаровои […]

Ба 133 муҳоҷири тоҷике, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахаровои шаҳри Маскав қарор доранд, шаҳодатномаи бозгашт таҳия гардида, интизор меравад рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон баргарданд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ба муҳоҷирон дирӯз, 22 декабр дар доираи  боздиди консули сафорати Тоҷикистон дар Русия Искандар Шафозода аз боздоштгоҳи муваққатии деҳаи Сахаровои шаҳри Маскав ҳуҷҷатҳо дода шуд.

Консули сафорат ҳамчунин,  бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба онҳо доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

– Дар рафти вохурӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 133 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид,-  менависад сафорат.

Ба гуфтаи манбаъ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз дода шуд.

Сафорат менависад, ки шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар дигар шаҳру вилоятҳои Русия низ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.