Ҳушдори вазорати маориф: “нагузоред фарзандон дар таътили зимистонӣ телефонбозӣ кунанд”

Asia-Plus

Донишомӯзони мактабҳои Тоҷикистон аз 1 то 10 январи соли 2022 ба таътили зимистона мераванд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Манбаъ мегӯяд, ин тасмим ба хотири ҷамъбаст гардидани чоряки дуввум таҳсил дар мактабҳо аст.

Вазорати маориф аз волидайн даъват кардааст, ки  ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ гузаронанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон машғул мешаванд.

– Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб намояд,- зикр намудааст вазорат.

Манбаъ ҳамчунин, гуфтааст, дар давраи таътил дар тамоми мактабҳо олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад,

Қобили зикр аст, ки чанд сол пеш мақомоти маориф дар низоми таҳсилот тағйирот ворид намуда, таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ ва ҳамин тариқ чорякҳоро барҳам дода, мӯҳлати таҳсил дар мактабҳо тамдид намуда буданд. Вале ин тасмим норозигии бархе волидайнро ба миён овард ва соли 2018 Вазорати маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонид ва систеами чорякро барқарор кард.

Бо ин вуҷуд бархе волидайн аз тамдид шудани соли таҳсил шикоят намуданд ва ҳатто замоне бо мактуби дастҷамъӣ барои баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май шуда буданд.

Аммо зоҳиран имсол ба ин чиз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нуқта гузошт ва 1 сентябри соли равон зимни суханронии худ пешниҳод кард, ки соли таҳсил дар кишвар ҳамасола 1 июн ҷамъбаст карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...