Ҷӯрабек Муродов: Шиори доимии ман – “Бо Худо, бо халқ, бо худ”

Date:

Соҳибҷашн дар як мусоҳибаи телефонӣ бо хабарнигори “Азия-Плюс” нақшаҳои оянда, сафарҳои ҳунарӣ ва таманниёташ барои миллату мардуми Тоҷикистонро дар миён гузошт. 

Соли гузаштаро чӣ гуна сипарӣ кардед? Ҳама нақшаҳо амалӣ шуд?

– Шиори доимии ман – “Бо Худо, бо халқ, бо худ” мебошад. Аз Ӯ барои 79-соли додааш, маро миёни халқи сулҳпарвар ва илму ҳунарпарвар офариданаш шукргузорам.

Халқи ман ба ҳама гӯшаву канори олам фарзандони накӯро пешбарӣ кардааст, ки танҳо барои башарият хидмат мекунанд.

Барои ман, ҳама рӯз, ҳафта, моҳ ва сол азиз аст, чун онро Худо медиҳад. Қатори рӯзҳои гузашта, соли 2021-ро низ паси сар кардам, вале мутаасифона инсонҳои бароям бузургро дар ин сол аз даст додам. Умед мекунем, ки ин беморӣ ҳамроҳ бо соли 2021 меравад ва ҷаҳон аз маҳдудиятҳо раҳо мешавад.

Бароям соли 2021 бисёр як соли эҷодӣ шуд. Ба Уқёнуси Ҳинд, Русия ва Ӯзбекистон сафарҳои ҳунарву истироҳатӣ доштем. Дар Ӯзбекистон иттифоқҳои касабаи Осиёи Миёна ва Миср ҷамъ омаданд, ки он ҷо ҷаласаи зебое баргузор гардид.

Дар барномаи “Эслаб, эслаб”, ки телеканали “Sevimli TV” баргузор кард, ширкат кардам. Дар он барнома бо санъаткорони номии Ӯзбекистон, ки барои дидани ман омада буданд, зиёда аз 4 соат суҳбат кардем.

Пас аз сафари Ӯзбекистон дар Хуҷанд бори аввал консерти онлайнӣ баргузор намудем. Ҳамчунин имсол 20 солагии ансамбли "Нури Хуҷанд"-ро таҷлил кардем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бо ҳамсару писаронаш

Зодрӯзи худро чӣ гуна таҷлил мекунед?  

– Ман ҳеҷ вақт аз халқ худамро зиёд нагирифтаам, агар он гиря кунад, мегирям, ханда кунад, механдам.

Зодрӯзро ҳамасола дар иҳотаи оилаам таҷлил мекардам, то мабодо қонуни танзимро вайрон накунам.

 Аммо, имсол бо исрори дӯстонам Валерий Аҳадов ва Пулод-ака зодрӯзро дар Маскав ҷашн мегирам.

Кору эҷод дар кадом сатҳ қарор доранд? Оё мухлисон метавонанд дар Соли Нав мунтазири консерту сурудҳои нави шумо бошанд?

– Имсол нақша дорам, ба ифтихори 80-солагиям дар Душанбе як барномаи нави консертӣ баргузор намоям. Аллакай омодагиҳо барои баргузории консерт шуруъ шудааст. Дар барнома ҳамчунин иҷрои сурудҳои навро ба нақша гирифтаем. Умуман консерт як консерти ирфонӣ мешавад.

Дар соли нав нақша дорам, ки дар Душанбе, Ҳисор, Леваканд, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Фарғона, ва баъдан дар Амрико ва дигар гӯшаҳои дунё консерт баргузор намоям.

Консерти солинавиро имсол ҳамроҳи Ҷонибек аз Маскав оғоз мекунем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Субҳи зиндагии шумо аз чӣ оғоз мешавад? 

– Ҳар пагоҳӣ ду соат бо машқи овоз машғул мешавам. Ин анъанаро ман тӯли 60 сол боз идома дода истодаам.

Чӣ орзуҳои амалинашуда доред?

– Одам бо орзу зинда аст, ҳар он чӣ, ки мо хостем на он мешавад, ҳар чӣ Худо хост, ҳамон мешавад. Яке аз орзуҳоям аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва сароидани суруд бо ин забонҳо буд. Агар имкониати имрӯзӣ дар замони ҷавониам мебуд, ман забонҳои франсавӣ, англисӣ ва забонҳои дигари ҷаҳониро аз худ мекардам. То имрӯз бо зиёда аз 14 забон суруд сароидаам, афсӯс, ки бо англисӣ суруд нахондам. 

Аз кадом лаҳзаҳои умратон афсӯс мехӯред?

– Ин гуна лаҳзаҳо дар ҳаётам зиёд буданд. Ба ман тӯли фаъолиятам чӣ қадар туҳматҳои рӯирост ва гапҳои ношоистае назаданд… Ба он одамоне, ки вақти гаронбаҳои худро сарф карда, маро туҳмат карданд, афсӯс мехӯрам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барои мардуми Тоҷикистон чӣ таманное ё гуфтание доред?

Орзу дорам, ки халқам мисли ғулом зиндагӣ накунад, дасти касеро набӯсад, хушомадгуӣ ва чоплусӣ  накунад. Танҳо барои Худо саҷда кунед, барои офаридаҳояш не. Орзу мекунам, ки халқам доимо озод бошад. Худо бароямон биҳиштро додааст, дар ин биҳишт мо бояд зиндагии шоиста дошта бошем. Тоҷик барои истиқлолаш 150 ҳазор ҷони ҷавонро дод, вале он ҳанӯз ҳам озод нест, то ҳол бо пойи худ рост нест. Орзуи дорам, ки халқам мустақил бошад.

Ҷӯрабек Муродов аз машҳуртарин ҳунармандони тоҷик аст, ки хеле ҷавон, ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳратёр гардида буд. Сурудҳои ӯ дар қаламрави ин империя бузург ва ҳатто берун аз он садо медоданд ва мухлисони зиёд доштанд.

Пас аз Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ шудан Ҷӯрабек Муродов бо машҳуртарин сарояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ Муслим Магомаев, Алла Пугачева, Иосиф Кобзон ошно гардид ва ҳамкориҳои эҷодӣ дошт. Барномаҳои консертии онҳо аз сертамошобинтарин ва сердаромадтарин барномаҳо ба ҳисоб мерафтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз чеҳраҳои шинохтаи санъати ҷаҳонӣ истеъдоду ҳунари волои ӯро эътироф кардаву бо Ҷӯрабек Муродов ҳамкории эҷодӣ ва риштаи дӯстӣ доранд. Аз ҷумла, яке аз машҳуртарин сарояндаҳои ҷаҳон Хулио Иглесиаси испанӣ ҳар гоҳ Ҷӯрабек Муродовро ба маҳфилҳои эҷодии худ даъват карда, бо ӯ дӯстӣ дорад ва ҳамкорӣ менамояд.

Ҷӯрабек Муродовро дар Ӯзбекистон то ҳол ҳамчун сарояндаи мардумии худ мешиносанд. Дӯстии ӯ бо ҳунарпешаи шинохтаи ин кишвар Шералӣ Ҷӯраев шуҳрати ӯро байни сокинони ин кишвар боз ҳам бештар намудааст. 

Ҷӯрабек Муродовро инчунин, дар давлатҳои ҳамзабони Афғонистону Эрон низ гӯш мекунанд ва ба барномаҳои фарҳангӣ даъват менамоянд.

Бе муҳобо Ҷӯрабек Мурод сафири фарҳанг ва садои расои тоҷик ва тамаддуни тоҷикӣ дар минтақа ва кишварҳои дуру наздиканд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...