Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои узви ИДМ иштирок мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки рӯзи 28 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад, 9 нафар сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои он ширкат меварзанд, зикр мешавад дар хабари дафтари матбуоти Кремл.

Гуфта мешавад, вохӯрии сарони давлатҳои узви ИДМ бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ иштироки президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, аввалин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон, президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, президенти Қирғизистон Садир Жапаров, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки то пандемия низ вохӯриҳои ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар арафаи Соли нав мунтазам дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешуданд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақимл (ИДМ) соли 1991 дар ҳайати 9 давлат – Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.