Аз хавфи сирояти омикрон-штамм парвози беш аз 5 ҳазор хатсайр дар саросари дунё бекор шуд

Бар асари хавфи сироят аз омикрон-штамм ширкатҳои ҳавопаймоӣ зиёда аз 5 ҳазор парвозҳоро бо хатсайрҳо дар ҷашнҳои солинавӣ дар саросари дунё бекор карданд. Дар ин бора CNN хабар медиҳад. Тавре ки Лента.ру бо истинод ба маълумоти нашрия менависад, ҳам хатсайрҳои дохилӣ ва ҳам байнулмилалӣ бекор шудааст. Дар ИМА шумораи онҳо дар рӯзи Мавлуди Исо (Рождество) […]

Asia-Plus

Бар асари хавфи сироят аз омикрон-штамм ширкатҳои ҳавопаймоӣ зиёда аз 5 ҳазор парвозҳоро бо хатсайрҳо дар ҷашнҳои солинавӣ дар саросари дунё бекор карданд. Дар ин бора CNN хабар медиҳад.

Тавре ки Лента.ру бо истинод ба маълумоти нашрия менависад, ҳам хатсайрҳои дохилӣ ва ҳам байнулмилалӣ бекор шудааст. Дар ИМА шумораи онҳо дар рӯзи Мавлуди Исо (Рождество) 1,7 ҳазор адад кам шудааст. Дар робита ба афзоиши шумори сироятёбӣ бо штамми нав дар байни кормандон, чунин тасмим гирифта шудааст.

Дар Раёсати бехатарии нақлиёти ИМА хабар додаанд, ки сарфи назар аз хавфҳо сокинон ба сайру саёҳат мераванд: рӯзи 23 декабр дар фурудгоҳҳои кишвар зиёда аз 2,1 млн нафар мусофирон сабт шудаанд.

Қаблан коршиноси тиббии Ассотсиатсияи байнулмиалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) Дэвид Пауэлл изҳор дошт, ки дар натиҷаи пайдо шудани омикрон-штамми нав хавфи сироят аз коронавирус дар ҳавопаймо 2-3 баробар зиёд шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаҳои охир шиддати нави COVID-19 дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн шуда, дар ҳамин ҳол шумораи мусофирони ҳавопаймоҳо пеш аз Соли нав ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.