Кумаки Рустами Эмомалӣ ба 11 ҳазор нафар қишри ниёзманди ҷомеа

Дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 аз ҷоениби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 11 ҳазор нафар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, аз ин туҳфа ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои […]

Дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 аз ҷоениби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба зиёда аз 11 ҳазор нафар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, аз ин туҳфа ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат баҳравар шуданд.

Маҷмӯи либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ин рӯзҳо ба бошандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2, мактаб-интернати махсуси ёрирасони №3” дастрас шуданд.

Ҳамчунин бошандагон мактаби махсуси ношунавоён, мактаби шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, хонаи кӯдакони синни томактабии №1, маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2 ва Маркази минтақавии хизмати иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе низ бо чунин кумак таъмин гардиданд.

Гуфта мешавад, барои бошандагону тарбиятгирандагони ҳамаи ин муассисаҳои иҷтимоии пойтахт дастурхони идонаву барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ташкил карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.