Эътирози густардаи сокинони Панҷшер алайҳи “Толибон”

Дар пайи кушта шудани як сокини бегуноҳ аз ҷониби неруҳои ҳаракати террористии “Толибон”, ҳазорон афғонҳо назди назди бинои дафтари кории волии вилояти Панҷшер гирдиҳамоии эътирозӣ барпо намуданд, хабар медиҳад Tolo News. Ба гуфтаи эътирозгарон, дар мавзеи Анаваи вилояти Панҷшер толибон сӯи сокини осоиштаи бегуноҳ тир кушодаанд. Роҳбари департаменти амнияти Панҷшер Абдул Ҳамид Хуросонӣ тасдиқ намудааст, […]

Asia-Plus

Дар пайи кушта шудани як сокини бегуноҳ аз ҷониби неруҳои ҳаракати террористии “Толибон”, ҳазорон афғонҳо назди назди бинои дафтари кории волии вилояти Панҷшер гирдиҳамоии эътирозӣ барпо намуданд, хабар медиҳад Tolo News.

Ба гуфтаи эътирозгарон, дар мавзеи Анаваи вилояти Панҷшер толибон сӯи сокини осоиштаи бегуноҳ тир кушодаанд. Роҳбари департаменти амнияти Панҷшер Абдул Ҳамид Хуросонӣ тасдиқ намудааст, ки яке аз сокинон бар асари маълумоти бардурӯғ аз ҷониби толибон кушта шудааст.

“Ӯ аз ҷониби неруҳои амният бар асоси маълумоти нодуруст, ки онҳо гирифтаанд, кушта шуд. Одамон даст ба эътироз зада, назди бинои дафтари кории волӣ (губернатор) омаданд. Раҳбарияти Амороти исломӣ ба мардум ваъда дод, ки касоне ба чунин амал дастзада ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, – омадааст дар хабари роҳбари департамент.

Тазоҳургарон тасдиқ кардаанд, ки “Толибон” бояд адолатро таъмин намуда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.

Ба гуфтаи Хуросонӣ, мансабдорони маҳаллӣ бо эътирозгарон гуфтугӯ карда, шоми 26 декабр гирдиҳамоӣ ба хотима расид.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.