Дар 30 сол Амрико ба Тоҷикистон $1,8 млрд кӯмак кардааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар 30 соли ҳамкорӣ Амрико дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, таъминоти оби тоза, маориф, амният, дастрасӣ ба нерӯи барқ ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллари америкоӣ кӯмак намудааст. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Ин барномаҳо барои раҳоии хонаводаҳо аз камбизоатӣ, коҳиши камғизоӣ, афзоиши саводнокӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, наҷот додани ҳаёти мардум ва ҳифзи Тоҷикистон аз таҳдидҳои амниятӣ кумак кардаанд”, – менависад сафорат.

Манбаъ мегӯяд, 23 декабр аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат 30 сол пур мешавад ва ба ин муносибат сафорат тасмим гирифтааст, ки чорабиниҳои мухталиф баргузор намояд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар назар аст:

Аз ҷумла, имрӯз 24 декабр соати 17: 00 дар Маркази амрикоӣ (дар бинои маркази савдои “Пойтахт”) намоиши суратҳои аксбардорони ҳаваскори тоҷик ифтитоҳ мегардад, ки даромад озод мебошад.

Ҳамин тариқ, аз 11 то 14-уми январ бахшида ба 30-солагии муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон нишасти матбуотӣ, нашри китоб оид ба таърихи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон, нашри аксҳо дар бораи равобити Тоҷикистону Амрико, ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо бахшида ба муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон, нахустнамоиши филми мустанад дар бораи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон ва кушодашавии озмуни сурудҳои тоҷикию амрикоӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин, аз 17 то 23-уми январ сафари гурӯҳи мусиқанавозони «The Fremonts» аз шаҳри Боулдери аёлати Колорадо ба Тоҷикистон дар назар аст  

Сафорат мегӯяд, аз 7 то 12-уми феврал дар доираи сафари гурӯҳи мусиқанавозони марказии нерӯҳои ҳавоии ИМА (AFCENT) ба Тоҷикистон барои тоҷикистониён барномаи консертӣ пешкаш мешавад. Ҳамчунин, дар ин моҳ (аз 14 то 19-уми феврал) фестивали намоиши филмҳои тоҷикию амрикоӣ баргузор мешавад.

– Рӯзи 12-уми март дар Тоҷикистон рӯзи инноватсияҳо дар Маркази амрикоии шаҳри Душанбе ва нашри 1000 адад китоби комикс бахшида ба дӯстии ИМА ва Тоҷикистон дар назар аст,- мегӯяд сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, моҳҳои март – апрел сафари мусиқанавозони тоҷику амрико дар доираи “Battle of the Bands”дар назар аст ва моҳи май дар Душанбе Фестивали минтақавии “Go Vira” баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 25 декабри соли 1991 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 16 марти соли 1992 бори аввал сафорати ИМА дар Душанбе расман ифтитоҳ ёфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...