25 млн сомонӣ: қарзи муассисаҳои буҷавии 13 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аз истифодаи барқ

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

То 1 ноябри соли 2021 ташкилоту идораҳои буҷавии 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҳаққи истифодаи барқ 25 миллиону 151 ҳазор сомонӣ қарздор шудаанд. 

Ба гуфти Давлатшоҳ Розиқзода роҳбари тиҷоратии филиали ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ”  дар шаҳри Бохтар сабаби асосии афзоиши қарзи ташкилотҳои буҷети нокифоя ҷудо шудани маблағ барои истифодаи барқ аз буҷет мебошад.

"Дар вақти таҳияи буҷет хароҷоти воқеъии барқи ташкилоту идораҳои буҷети ба назар гирифта намешавад. Масалан барои як ташкилот солона 10-15 ҳазор сомонӣ пешбини мекунанд. Дар асл бошад хароҷоти як ё ду моҳаи ин ташкилот аз маблағи барои солона пешбинишуда зиёдтар аст. Масал дар 10 моҳи соли равон ташкилоту идораҳои буҷети ба маблағи 10 миллиону 158,2 ҳазор сомонӣ қувваи барқро истифода кардаанд ва ҳамаги 5 миллиону 736,6 ҳазор сомонияшро пардохт кардаанд. Фарқият танҳо дар 10 моҳ 4 миллиону 421,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад",- мегӯяд Д.Розиқов.

Ба гуфти ин манбаъ бештари қарзҳо ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф марбут мешаванд. Розиқов мегӯяд, ки аз чанде аз ин муассисаҳо ба додгоҳ шикоят бурдаанд ва ҳатто ҳалнома ба манфиати онҳо содир шудааст, вале ин муассисаҳо имкони пардохти қарзашонро надоранд.

"Мутаасифона мо аз назари инсонӣ наметавонем барқи онҳоро хомӯш кунем. Масалан, муассисаҳои соҳаи тандурустиро, ки онҷо тақдири даҳҳо беморон ҳал мешавад”,- гуфт Розиқов.

Ҳукуматҳо ҳам аз барқ қарздоранд

Як манбаъ, ки аз вазъи ба амал омада огаҳӣ дорад гуфт, ки натанҳо муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, балки худи ҳукуматҳои маҳалии қисме аз шаҳру ноҳияҳои минтақа низ аз ҳаққи истифодаи барқ қарзҳои зиёд доранд.

Бобоназар Давлатов, иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сабаби афзоиши қарз аз истифодаи неруи барқро ба дӯши худи ин мақомот мегузорад ва роҳбарону муҳосибони онҳоро ба бесалоҳиятӣ муттаҳам мекунад.

“Мо бастаи маблағҳо барои соли пешбинишударо ба ин ё он корхона пешниҳод мекунем. Дар ин баста ворид мешавад музди меҳнат, фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва хароҷотҳои ғайр. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо маблағҳои барои хароҷотҳои дигарро бояд худашон танзим кунанд. Масалан барои шабакаҳои кумаки аввалияи санитарию тиббӣ аз руйи шумори аҳолӣ маблағ пешбинӣ карда мешавад. Онҳо бояд худашон ин маблағҳоро тақсимот кунанд ва хароҷоти худро ба назар бигиранд. Мутаасифона хароҷот ба дигар самтҳоро зиёд мекунанд, вале хароҷотҳои коммуналиашонро ба назар намегиранд. Ин масъаларо мо имсол зери назорати қатъӣ гирифтаем”,- гуфт Давлатов.

Раиси вилояти эътироф мекунад

Ин дар ҳолест, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, зимни нишасти матбуотияш дар нимсолаи соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб, ба ин масъала пардохта буд ва ба сарраёсати молияи вилоят дастур дода буд, ки дар таҳияи буҷаи соли оянда хароҷоти воқеъии неруи барқро дар ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустиву маориф баррасӣ карда, дар назди Вазорати молияи кишвар ҳимоя кунанд.

“Мушкили дар нақшагирии буҷет ба назар мерасад ва маблағҳое, ки барои пардохти неруи барқ пешбинӣ мешаванд аз хароҷоти воқеъи 10-маротиба камтаранд. Инҷо камбудӣ ҳаст ва чунин мушкил дар соҳаи маориф низ вуҷуд дорад. Аммо камбудиҳои дигаре низ ҳаст, сабаби афзоиши қарз муассисаҳои буҷети мешавад. Масалан дар дохили беморхонаҳои марказӣ утоқҳои ташхисии шахсӣ ва дигар иншоот фаъолият мекунанд ва онҳо низ барқро истифода мекунанд. Вале пардохти ҳаққи барқи истифодашуда танҳо ба дӯши буҷа аст",- гуфта буд Ҳакимзода.

Ҳамчунин раиси вилоят гуфта буд, ки масъалаи дигар ин аст, ки идораҳои барқ, барқро дар дигар ҷо харҷ мекунанду баъдан ин хароҷотро бар дӯши муассисаҳои буҷетӣ бор мекунанд. Роҳбарони муассисаҳо низ ба санадҳои пешниҳодкарда онҳо имзо мекунанд. Мо ин ҳолатҳоро баъди таҷдиди соҳаи барқ ошкор кардем.

Аз руйӣ маълумотномае, ки Давлатшоҳ Розиқов пешниҳод кардааст, қарзи аз ҳама зиёд аз муассисаҳои буҷетии ноҳияи Кӯшониён аст, ки то 1 ноябри соли 2021 ба 9 миллиону 372,3 ҳазор сомонӣ расидааст. Камтарин қарзро муассисаҳои ноҳия Дӯстӣ доранд, ки 104 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ, қарзи ҳамаи истифодабарандагони барқ то 1 декабри соли равон дар 13 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 395 миллиону 279,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020, 49 миллиону 361,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...