Суғд: мансабдор дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад

Собиқ сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Шаҳбоз Гулов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни фаъолият дар ин вазифа ӯ шаҳрванд “А”-ро бовар мекунонад, ки бар ивази маблағи 10 ҳазор сомонӣ тавассути судяи Суди ноҳия барои ба […]

Собиқ сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Шаҳбоз Гулов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни фаъолият дар ин вазифа ӯ шаҳрванд “А”-ро бовар мекунонад, ки бар ивази маблағи 10 ҳазор сомонӣ тавассути судяи Суди ноҳия барои ба манфиати ӯ қабул намудани санади судӣ оид ба фарзандхонии ноболиғ шаҳрванд “Б” мусоидат карда метавонад.

“Ҳамин тариқ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А”  маблағи 10 ҳазор сомониро тасарруф намуда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро намекунад ва пулро ба эҳтиёҷоти шахсии худаш сарф мекунад”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати Гулов мутобиқи моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисоб ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 3 сол пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.