Вазорати маориф баргузории ҳама гуна ҷашнҳои солинавиро дар муассисаҳои таълимӣ манъ кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузори ҳама намуди ҷашнҳои солинавиро дар муассисаҳои таълим манъ кард. Вазорат ҳато гузоштани арчаи солинавиро низ манъ кардаастДар ин бора аз ин вазорат ба "Азия-Плюс" хабар доданд.  Эҳсон Сафарзода, сухангӯйи Вазорати маориф гуфт, ки "дар робита ба иҷрои Протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ муқовимат бо коронавирус, вазорат бо ирсоли як мактуб ба […]

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузори ҳама намуди ҷашнҳои солинавиро дар муассисаҳои таълим манъ кард. Вазорат ҳато гузоштани арчаи солинавиро низ манъ кардаастДар ин бора аз ин вазорат ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 

Эҳсон Сафарзода, сухангӯйи Вазорати маориф гуфт, ки "дар робита ба иҷрои Протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ муқовимат бо коронавирус, вазорат бо ирсоли як мактуб ба сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ дастур додааст, ки аз баргузории ҳамагуна чорабиниҳои солинавӣ, нишасти ҷашнӣ, шабнишиниҳо, гузоштани арчаи солинавӣ ва дигар ҷамъомадҳо дар муассисаҳои таълимӣ худдорӣ намоянд".

Ба гуфтаи сухангӯйи ин вазорат, ин дастур ҳам ба боғчаву мактабҳо ва ҳам ба донишгоҳу донишкадва ва дигар муассисаҳои таълимӣ дахл дорад. 

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки гузоштани арчаи солинавӣ дар боғчаҳо иҷозат аст. 

Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфта буданд, ки ба ифтихори Соли нави мелодӣ барномаҳои солинавӣ на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузаронида мешавад, имкон дорад, ки озмунҳои фарҳангӣ ва шеърхониву расмкашӣ низ баргузор шавад. Вале ин бояд дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шаванд.

Асомиддин Бобозода, муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи шаҳри Душанбе гуфта буд, ки ҳарчанд барномаҳои ҷашнӣ дар дарсҳои тарбиявӣ иҷозат шуда боша, вале насб кардани  арчаии солинавӣ дар мактабҳо манъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 Вазорати маориф ва илм мухолифи таҷлили соли нави милодӣ дар мактабҳо буд. Қаблан вазорат тасмими худро бо дархости волидайне, ки аз ҷамъоварии маблағ дар рӯзҳои таҷлили солинавӣ шикоят кардаанд, марбут дониста буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.