Боздошти як зан бо гумони дуздии кӯдаки 2,5-сола дар ҷануби Тоҷикистон

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон кормандони милитсия занеро боздошт намуданд, ки дар дуздии кӯдаки 2,5 сола гумонбар дониста мешавад. Тавре ки дар гузориши видеоии “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад, як сокини зани ҷамоати Бӯстон-Қалъа Файзигул Рустамова ба милитсия муроҷиат намуда, иҳзор мекунад, зане бо номи Муслима писараш Ш.Р.-и 2,5-соларо дуздидааст. Дар гузориши видеоии ВКД гуфта […]

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон кормандони милитсия занеро боздошт намуданд, ки дар дуздии кӯдаки 2,5 сола гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки дар гузориши видеоии “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад, як сокини зани ҷамоати Бӯстон-Қалъа Файзигул Рустамова ба милитсия муроҷиат намуда, иҳзор мекунад, зане бо номи Муслима писараш Ш.Р.-и 2,5-соларо дуздидааст.

Дар гузориши видеоии ВКД гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки Муслима Пӯлод, сокини 21-солаи шаҳри Турсунзода, қаблан бо моддаи 244 (Дуздӣ) маҳкумшуда 5 декабр ба хонаи Файзигул Рустамова омада, аз ӯ дархост мекунад, ки шабро дар хонааш рӯз кунад.

“Рустамова ба ӯ бовар карда, ба хонааш роҳ медиҳад. Лекин рӯзи дигар вақте ки соҳибхона дар хонааш набуд,  “меҳмон” кӯдакро бо худ гирифта, ба хонааш – шаҳри Турсунзода мебарад”, – зикр мегардад дар гузориш.

Худи Муслима ҳам дар гузориш ба дуздии кӯдак иқрор шуда, ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи 7 декабр тақрибан соати 15:30 рух додааст.

ВКД дар бораи чаро Муслимаро ба хонааш роҳ додани модари кӯдак ва пештар шинос будани занон, инчунин мақсади гумонбаршуда барои дуздии кӯдак маълумот намедиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар прокуратураи ноҳияи Кӯшониён нисбат ба Муслима Пӯлод мутобиқи моддаи 130 КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз 8 то 12 сол ҷазои зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.