Ҷузъиёти ҳодисаи Панҷакент: ҷанҷол барои “зарядмонак” сабаби марги се нафар шуд

Дар шаҳри Панҷакент дар як даргирӣ се нафар кушта  шудааст, ки яке аз онҳо донишҷӯйи литсейи касбию-техникии ин шаҳр ва ду нафари дигар акаву додар, узви як хонадон гуфта мешаванд.  Кушта шудани донишҷӯйи литсейро дар ин даргирӣ мудири ин муассиса Абдуҳалим Қодирӣ ба “Азия-Плюс” таъйид кард. Ба гуфтаи манбаъ, ин даргирӣ дирӯз, 26-уми декабр дар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Панҷакент дар як даргирӣ се нафар кушта  шудааст, ки яке аз онҳо донишҷӯйи литсейи касбию-техникии ин шаҳр ва ду нафари дигар акаву додар, узви як хонадон гуфта мешаванд. 

Кушта шудани донишҷӯйи литсейро дар ин даргирӣ мудири ин муассиса Абдуҳалим Қодирӣ ба “Азия-Плюс” таъйид кард.

Ба гуфтаи манбаъ, ин даргирӣ дирӯз, 26-уми декабр дар рӯзи истироҳат сурат гирифтааст ва баҳси моҷаро ба литсейи онҳо марбут нест.

 “Донишҷӯйи 17-солаи мо Иноятулло Ёров рӯзи ҷумъа ба зодгоҳаш деҳаи Моғиён рафта буд ва бояд рӯзи душанбе ба дарсҳо бармегашт.  Дар рӯзи даргирӣ ӯ дар ҳудуди литсей қарор надошт ва далели сар задани  ҳодиса барои мо маълум нест. Додситонӣ алакай таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст, парвандаи шахсияшро аз литсей гирифтанд ва моро ҳам барои суҳбат даъват карданд”,-гуфт Қодирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ду ҷавони кушташудаи дигари ин қазия бародарон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент мебошанд. Аммо то кунун шахсияти ин ду бародар эълон нашудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳам ба “Азия-Плюс” сар задани ин ҳодисаро таъйид карда гуфт, ки додситонӣ таҳқиқи ҳодисаро оғоз намудааст.

“Мо ҳоло дар мавриди кушташудаҳои ин даргирӣ иттилоъ надорем. Додситони таҳқиқро оғоз кардааст, далелҳои ҳодиса ва шахсияти иштирокчиёни онро мушаххас мекунад.  Ҷузъиёти дигарро мо баъдтар хабар медиҳем», – гуфт манбаъ аз ВКД.

Ба гуфтаи як манбаи наздик ба таҳқиқи ҳодиса, ин қазия бар сари як василаи нерудиҳандаи телефон (“зарядмонак”) миёни Иноятулло Ёров ва ду бародар сурат гирифтааст, аммо ин манбаъ аз додани ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ кард.

Ба гуфтаи манбаъи дигар, дар ин даргирӣ наздик ба 10 нафар ширкат кардаанд, ки ба ҷуз кушташудаҳо захмиён низ ҳастанд. Бархе аз иштирокчиёни ҳодиса боздошт шудаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.