Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷурми қочоқи зиёди “салют” аз Қирғизистон муттаҳам мешавад

Раёсати гумрук дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки аз миқдори зиёди мушак ё худ маводи тарфгарӣ (пиротехники)-ро ҷилавгирӣ кардааст, ки тариқи қочоқ аз марзи Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Дар ин кор як ҷавони 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳам мешавад. Аз ин Раёсат дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар як амалиёти вижа охири ҳафтаи гузашта […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раёсати гумрук дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки аз миқдори зиёди мушак ё худ маводи тарфгарӣ (пиротехники)-ро ҷилавгирӣ кардааст, ки тариқи қочоқ аз марзи Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Дар ин кор як ҷавони 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳам мешавад.

Аз ин Раёсат дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар як амалиёти вижа охири ҳафтаи гузашта мошини тамғаи “Опел-Астра”-ро ҳангоми муоинаи гумрукӣ боздошт карданд, ки дар роҳи Бобоҷон Ғафуров-Хуҷанд ҳаракат мекард.

Аз дохили нақлиёт 398 адад "салют" дар умум 1878 мушак ошкор шудааст, ки бо роҳи ғайрирасмӣ ва бидуни назорати гумрукӣ аз марзи Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Мақомот мегӯяд, бо ҷурми қоҷоқи ин миқдор мушак ва маводи сахтаъсири протехникӣ ронандаи ҳамин нақлиёт, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муҳаммадҷон Ортиқов гумонбар мешавад.

“Бино ба маълумоти эксперти ташхиси таркишӣ-техникии РВКД дар вилояти Суғд маводҳои ошкор шуда слиндршакл буда бо навиштаҷоти “Зимушка”, “Салют новий век”, “7 SHOTS X058”, “Орел Х149”, “Водолей Х147”, “Новий век Х090” ва “Ракета Х143” мебошад, ки ба гурӯҳи маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) намуди оташфаввораҳо ё худ мушак дохил мешавад ва дар ҳолати коршоямӣ мебошад”-гуфтанд, аз Раёсати гумрук дар вилояти Суғд

Феълан назари ронандаи нақлиёт Муҳаммадҷон Ортиқов ва наздикони ӯ дар мавриди ин қазия маълум нест. 

Раёсати гумрук дар вилояти Суғд дар пайи ошкор шудани ин миқдори зиёд маводи тарфгарӣ нисбати Муҳаммадҷон Ортиқови 22-сола бар асоси моддаи 199 иловаи 1, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пиротехникӣ) парванда боз кардааст. Феълан ин парвандаро  мақомоти додситонии вилояти Суғд таҳқиқ мекунад.

Қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводи тарфгариро соли 2008 манъ ва ҷазо пешбинӣ кард. Мувофиқи моддаи 199, иловаи 1  КҶ Тоҷикистон ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани он манъ буда, нисбат ба чунин шаҳрвандони ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.