Дар Русия қоидаҳои нави вуруд барои муҳоҷирон мавриди амал қарор гирифтанд

Asia-Plus

Муҳоҷирони меҳнатӣ ва хориҷиёне, ки ба Русия ба муддати зиёда аз се моҳ сафар мекунанд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузашта, изи ангуштонашонро (дактилоскопия) супоранд. Муҳоҷирон ба анҷоми расмиёти зикршуда дар муддати 30 рӯз ва боқимонда шаҳрвандони хориҷӣ – 90 рӯз уҳдадор шуданд.

Дар Русия аз 29 декабр тағйирот ба қонунгузорӣ ҳукми қонунӣ гирифт, ки мувофиқи он, муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёне, ки ба ин кишвар ба муддати тӯлонӣ меоянд, бояд ҳатман изи ангуштонашонро супурда, сурат гиранд ва аз муоинаи тиббӣ гузаранд, менависад РБК.

Тавре ки дар ВКД шарҳ додаанд, муҳоҷирони меҳнатӣ ин расмиётро бояд дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ва хориҷиёне, ки дар Русия мақсади кор надоранд – дар муддати 90 рӯз – 3 моҳ анҷом диҳанд.

Муоинаи тиббӣ аз супурдани тест ба ташхиси надоштани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти ВНМО ва вобаста набудан ба нашъамандиро дарбар мегирад.

Супоридани изи ангуштон ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба шаҳрвандони Беларус; кӯдакони синни аз 6-сола поинтар; шахсони мансабдори созмонҳои байнулмилалӣ; дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ва дигар категорияҳои шаҳрвандон лозим нест.

Мувофиқи фармони ВКД, муҳоҷирони кории изи ангуштонашонро супурда ба гирифтани патенти кор дар шакли корт бо чип, ки тасвири электронии рӯй (симо) ва изи ангуштони дастро дорад, оғоз мекунанд.

Дар корт силсила ва рақами патент, ному насаб ва номи хонаводагии дорандаи он, рӯзу моҳ ва соли таваллуд, шарвандӣ, силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, касбу кор ва ихтисос ва РМА дарҷ хоҳад ёфт. Дар он ҳамчунин номи минтақае, ки шахс дар он кор мекунад, зикр мешавад.

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи ҳатман супоридани изи ангуштон ва гузаштан аз муоинаи тиббиро барои муҳоҷирони корӣ аз 1 июл ба имзо расонид.

Қаблан вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев фармон содир намуд, ки мувофиқи он ба муҳоҷирони корӣ дар Русия дар шакли корт бо чип, ки тасвири электронии рӯй (симо) ва изи ангуштони дастро дорад, патенти кор дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...