Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили истифодаи оқилонаи обро баррасӣ карданд

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзи 27 декабр бо вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Хамраев дидору гуфтушунид кард. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об баррасӣ намуданд. Гуфта мешавад, вазири кишвари ҳамсоя иброз доштааст, ки соли 2021 яке аз солҳои камобтарин […]

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзи 27 декабр бо вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Хамраев дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, вазири кишвари ҳамсоя иброз доштааст, ки соли 2021 яке аз солҳои камобтарин дар минтақа ба шумор мерафт, аммо ба шарофати дӯстӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ин мушкилиҳо ба осонӣ паси сар гардид ва кишоварзони мамлакат ба об таъмин гардиданд.

“Сафир ҳамчунин дар бораи робитаҳои дӯстонаи ду халқ бо вазир, ки ҳамзамон Раиси Ҷаъмияти дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад, суҳбат кард”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо дар арафаи Наврӯз баргузор кардани чорабинии фарҳангиро муҳим шумориданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон 397 млн долларро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.