Ҳамнишини Содир Ҷабборов раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд

Asia-Plus

Талант Мамитов намояндаи ҳизби "Интимак" ва аз ҳамнишинони наздики раисҷумҳури Қирғизистон раиси нави порлумони ин кишвар интихоб шуд. Вакилони даъвати VII порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи аввали худмамитовро бо 63 раъйи мувофиқ раиси худ баргузиданд. 

Мамитов аз ин пеш ҳам барои давраи кӯтоҳе раиси порлумони Қирғизистон буд. Дар баробари Мамитов, раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон", Адахан Мадумаров ҳам барои раёсати порлмуон номзад буд, вале бо касби ҳамагӣ 10 раъй шикаст хӯрд.

Талант Мамитов дар порлумони пешин аз ҳизби "Республика – Ата-Журт" вакил буд. Вай дар ибтидои моҳи ноябри соли 2020 – баъди ҳаводиси октябрии Қирғизистон ва истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков аз мақоми президентӣ – раиси порлумон интихоб шуда буд. Аз 14 ноябри соли 2020 то 28 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон буд.

Талант Мамитов аз афроди наздики президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҳисоб меравад. Дар соли 2010 Мамитов, Ҷабборов ва раиси кунунии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аз ҳизби "Ата Журт" вакил интихоб шуда буданд. Дар соли 2012 ҳар се ҳамроҳ боздошт шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...