Ҳамнишини Содир Ҷабборов раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд

Талант Мамитов намояндаи ҳизби "Интимак" ва аз ҳамнишинони наздики раисҷумҳури Қирғизистон раиси нави порлумони ин кишвар интихоб шуд. Вакилони даъвати VII порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи аввали худмамитовро бо 63 раъйи мувофиқ раиси худ баргузиданд.  Мамитов аз ин пеш ҳам барои давраи кӯтоҳе раиси порлумони Қирғизистон буд. Дар баробари Мамитов, раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон", Адахан Мадумаров ҳам барои раёсати порлмуон номзад […]

Талант Мамитов намояндаи ҳизби "Интимак" ва аз ҳамнишинони наздики раисҷумҳури Қирғизистон раиси нави порлумони ин кишвар интихоб шуд. Вакилони даъвати VII порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи аввали худмамитовро бо 63 раъйи мувофиқ раиси худ баргузиданд. 

Мамитов аз ин пеш ҳам барои давраи кӯтоҳе раиси порлумони Қирғизистон буд. Дар баробари Мамитов, раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон", Адахан Мадумаров ҳам барои раёсати порлмуон номзад буд, вале бо касби ҳамагӣ 10 раъй шикаст хӯрд.

Талант Мамитов дар порлумони пешин аз ҳизби "Республика – Ата-Журт" вакил буд. Вай дар ибтидои моҳи ноябри соли 2020 – баъди ҳаводиси октябрии Қирғизистон ва истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков аз мақоми президентӣ – раиси порлумон интихоб шуда буд. Аз 14 ноябри соли 2020 то 28 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон буд.

Талант Мамитов аз афроди наздики президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҳисоб меравад. Дар соли 2010 Мамитов, Ҷабборов ва раиси кунунии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аз ҳизби "Ата Журт" вакил интихоб шуда буданд. Дар соли 2012 ҳар се ҳамроҳ боздошт шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.