Ба ҳаракати нақлиёти сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд иҷоза шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Роҳи Душанбе-Хуҷанд барои мошинҳои сабукрав аз ду ҷониб боз шуд. Дар ин бора ширкати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба ширкати масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ "IRS хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, нахуст роҳ барои мошинҳои сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе боз шуда, ҳоло роҳ аз ҳарду самт барои нақлиёти сабукрав кушода аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Чанок 14 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он боздошта шуд

Ёдрас мешавад, ки 3 январ дар километрҳои 61, 62, 63, 65, 66, 69 ва 70 роҳи Душанбе-Варзоб, ки аз тариқи қаламрави Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Уштури ноҳияи Варзоб мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Ҳамчунин дар километрҳои 6, 7, 8 мавзеъи Ниводак ва 15 километраи  мавзеъи ҷамоати Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ва километри 498 мавзеъи Санободи ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони ВМКБ субҳи имрӯз, 4-уми январ лағзиши тарма сабт шуд. Ҳодисаҳои тармарезӣ сабаб гардид, ки роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста шавад.

“Дар айни замон корҳо барои бартараф намудани паёмадҳои лағзиши тарма дар кулли роҳҳо идома доранд.  Барои тоза кардани роҳҳо техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, хадамоти роҳи ширкати “IRS” ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар навбатдории шабонарӯзӣ қарор доранд, ҷалб шудаанд”, – омадааст дар хабар.

Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумита, ки ҳоло дар низоми шадиди фаъолият кор мекунанд, ҳамроҳ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти роҳи ширкати “IRS” ронандагон ва мусофирони 26 мошинеро, ки дар роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб дармонда буданд, ба макони амн интиқол доданд. Ба асари лағзиши тарма дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳеч талафоти ҷониву хисорати дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо дар ин зимистони сард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали Кумита мунтазам зери назорат гирифта шуда, кормандон шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.  Ин тадбирхо дар давраи хавфи руй додани фалокат дар роххо, ки аз хунукй ва боридани барф ба амал омадаанд, заруранд.

Дар ҳамин ҳол, Кумита ба такрор ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди  Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

Кумита  бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ва бахусус ҳалокати одамон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад бе зарурат аз тариқи роҳҳои ағба ва минтақаҳои тармахез сафар накунанд.

Аз аҳолии минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мешавад муддате то бартараф шудани хафву хатари лағзиши тарма аз ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...