Хуҷанд: гумонбарии зани мансабдор ба порагирӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳои фарзандхонӣ

Мудири муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд Азизахон Валаматова ба гирифтани пора барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ гумонбар дониста мешавад. Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ ба боварии […]

Мудири муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд Азизахон Валаматова ба гирифтани пора барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада аз охирон маблағи 15 ҳазор сомонӣ талаб намудаааст.

“Аз маблағи мазкур 10 ҳазор сомониашро гирифта, боқимонда маблағи 5 ҳазор сомониро талаб мекунад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Валаматова баъди аз шаҳрванд “А” ба сифати пора гирифтани боқимонда маблағи 5 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Азизахон Валаматова бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди пурра ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.