Home Сужаҳо Афғонистон Даргирӣ миёни марзбонҳои толибону Туркманистон

Даргирӣ миёни марзбонҳои толибону Туркманистон

0
2470

Расонаҳо аз даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Толибон ва низомиёни Туркманистон дар вулусволии Хамоби вилояти Ҷузҷони Афғонистон хабар медиҳанд. 

Ҳилол Балхӣ, сарпарасти Раёсати иттилоъот ва фарҳанги Толибон дар вилояти Ҷузҷон, рӯзи душанбе ба рӯзномаи "8 субҳ" гуфтааст, ки нерӯҳои марзии Туркманистон се рӯз пеш як фаъоли мулкиро кушта ва як марди мулкии дигарро лату кӯб карда буданд.

Ба гуфтаи вай, "замоне ки нерӯҳои Толибон барои баррасии вазъи амниятӣ ба хаттӣ марзи вулусволии Хамоб рафта буданд бо вокуниши низомии нерӯҳои марзии Туркманистон рӯ ба рӯ шудаанд".  

Балхӣ афзудааст, ки нерӯҳои Толибон дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои марзии Туркманистон, даст ба тирпарронии мутақобил задаанд. 

Ҳанӯз ҷузъиёти ин ҳодиса рӯшан нест ва талафоти боқимонда аз ин рӯйдод гузориш нашудааст. 

Дар давоми як моҳи ахир Туркманистон сеюмин кишвари ҳамсоя аст, ки нерӯҳои Толибон бо он задухӯрди низомӣ мекунанд. Пеш аз ин нерӯҳои Толибон бо низомиёни марзбонии Эрон ва Покистон даргир шуда буданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here